arzon replenishment
ШАРОБ БОИСИ ЗАҲРОЛУДШАВИИ 12-ОДАМ ГАШТ
1852

Истеъмоли арақ аз нигоҳи илми тиб ба саломатии одамон зиёновар аст, инчунин дар аксари ҳолат ҷанҷолу куштор низ дар ҳолати мастӣ сар мезананд. Аммо дидаю дониста, аксари мардон ва қисме аз занон низ, мутаассифона, ба нӯшидани шароб майл доранд ва дар иду маъракаҳо арақ гули сари сабади дастархон барои шаробхӯрон аст.

Шояд ҳодисаи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амаломада барои истеъмолкунандагони шароб дарси ибрат шавад ва онҳо аз истеъмоли оби шайтон даст кашанд.

Дувоздаҳ нафар дар вилояти Намонгони Ӯзбекистон пас аз истеъмоли арақ заҳролуд шуданд, хабар медиҳад котиботи Прокуратураи ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, 12 сокини ноҳияи Тӯрақурғанди вилояти Намангон бо нишонаҳои шадиди заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.
Гуфта мешавад, новобаста аз кӯшишҳои пизишкон барои наҷоти ҷони ҳар 12 нафар, ду тан аз онҳо фавтиданд.

Арақ бо тамғаи Русия аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид шудааст.
Манбаъ меафзояд, прокуратура феълан дар робита ба заҳролудшавии оммавӣ аз машрубот парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД