Ҳодисаеро, ки айни замон бароятон нақл мекунам, бофтаву сохта набуда, бо яке аз хешовандони наздикам рух додааст. Самираву Нигораву Шаҳло як бегоҳирӯзӣ дар зодрӯзи ҳамсинфашон Сулҳия ҷамъ омада, ба қавле дилхушӣ карданд.
Сулҳия духтари шӯхе буду баъди ду ҳафта бояд тӯйи арӯсияш баргузор мешуд. Гап сари он буд, ки яке аз дугонаҳоямон Шаҳло низ ба домодшаванда ошиқи зор буду мехост бо кадом роҳе, ки набошад, тӯйи онҳоро вайрон кунад. Баъди хӯрдани оши палов духтарон ба рақсу бозӣ сар карданд.
Ин дам Шаҳло Сулҳияро маҷбур кард, ки ба миёнаш тӯр баста, рақси ҳиндӣ кунад. Медонист, ки Сулҳия хеле зебо мерақсад ва дар телефонаш рақсидани дугонаашро сабт кард.
Аз зодрӯз чор рӯз гузашту домодшаванда ба хонаи волидони Сулҳия омада, бо қаҳру ғазаб гуфт, ки Сулҳияро ба занӣ намегирад. Вақте аз ӯ сабаб пурсиданд, домод гуфт:
-Барои он ки дар тамоми телефонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабти рақси духтаратон паҳн гаштааст, ман зани рақосса намегирам!
Падари бадхашми Сулҳия духтарашро таги шаттаву шаллоқ гирифт. Баъдтар аниқ гардид, ки ин кори дасти Шаҳло будааст. Ӯ бо ин роҳ дугонаашро шармандаву бо Маъруф якҷоя шудан мехостааст. Бародари калонии Сулҳия ин хабарро шунида, ба хонаи Шаҳлоино рафта, ҷангу ҷанҷол бардошт, моҷаро то ба кордкашӣ расид.
Шаҳло пеши пойи Сулҳия афтида, зорӣ кард, ки ӯро бубахшад. Аммо магар чунин дӯстро бахшидан мумкин аст? Сабаб аз рӯи коғаз овардани ин қисса дар он аст, ки ба духтарони дигар дарси ибрат гардад ва дар интихоби дугона ҳушёр шаванд.
Азиза, ш. Роғун