Arzon march 2024
Шаҳринав: Норасоии кормандони тиб 2% аст
356

Норасогии кормандони тиб дар ноҳия фоизи паст ҳамагӣ 2 фисадро ташкил медиҳад, ки он ҳам духтури сироятшинос ва духтури эҳёгар мебошад.

Ин нуқтаро Ғайбулло Раҳимзода, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав дар нишасти хабарӣ қайд кард.

Вобаста ба мушкилии самти тандурустӣ Вализода Абдуқодир, Раиси ноҳияи Шаҳринав илова намуд, ки дар беморхона камбудию норасогиҳои зиёд вуҷуд дорад, ки баҳри бартараф кардани он ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кардем ва умедворем бо ба даст овардани лоиҳа онҳо бартараф хоҳанд шуд.

Дар сатҳи ноҳияи Шаҳринав 62 табиб, аз ҷумла 31 табиби оилавӣ, 289 кормандони миёнаи тиб ба аҳолӣ хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД