Sebiston new 2024 october
Шаҳри Душанбе: Кордзании занон дар “новостройка”
9040

Муноқишаи ду зани ҷавони тоҷик дар пойтахт бо кордзанӣ ва хунрезӣ анҷом ёфт. Занакҷанг нимаи шаб дар як бинои навсохт аз рӯйканию мӯйканӣ сар шуда, баъдан бонувон аз моҷарои лафзӣ ва дашному ҳақоратҳои қабеҳ додани якдигар ба занозанӣ гузаштаанд. Дар рафти ин моҷаро яке аз хонумҳо рақибашро кордборон кардааст...


Занакҷанг дар шаҳри Душанбе ҷавонзанеро сахт захмӣ намуда, зани дигарро ба пушти панҷараи зиндон бурд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар дар сомонаи худ хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш шаби 18 ба 19-уми ноябр, тахминан соатҳои 23-40 дақиқа ба вуқуъ пайваста, дар як бинои навсохт дар кӯчаи Н. Махсумии ноҳияи Синои пойтахт байни ду ҷавонзан ҷангу ҷанҷол сар задааст.
Моҷаро бо дашному ҳақоратҳои қабеҳ додани ҳамдигар оғоз ёфта, баъдан хонумҳо ба рӯйканию мӯйканӣ мегузаранд.
Ҳамин тавр занакҷанг авҷ гирифта, яке аз занҳо, ки 26-сол доштааст, бо корди дар дасташ буда ба рақибаш ҳамла карда, ҷавонзани 21-соларо 4 корд мезанад.
Ҳарифаш бар асари зарбаҳои корд сахт захмӣ шуда, айни замон дар беморхона байни маргу зиндагӣ қарор дорад, зани муштзӯр ва кордзан бошад, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.
Сабаби моҷарои хунини ин ду зан дар бинои навсохт маълум нест, вале маъмулан бонувони тоҷик аз ҳиссиёти рашк нисбат ба марди дӯстоштаашон ба сари ҳамдигар корду камон кашида, қасди ҷони рақиби худ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш зане бо номи Азиза Давлатова аз сари рашк Мадина ном ҷавонзани ҳамкори шавҳарашро чунон лату кӯб карда буд, ки ҷавонзан ба кома афтида, чанд моҳ боз ба худ намеояд. Ин қазия тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро ба по хезонда, ба гӯши Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии кишвар ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ расида, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон муаззаф гаштанд, ки парвандаро зери назорати қатъӣ бигиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД