Шаҳри Хум ба Китоби рекордҳои “Гиннес” ҳамчун хурдтарин шаҳри ҷаҳон шомил шудааст. Он дар ҷумҳурии Хорватия ҷойгир мебошад.
Тибқи оморҳо, дар шаҳр то соли 2011 ҳамагӣ 30 нафар зиндагӣ мекардаанд. Ин шумора дар соли 2020 ба 28 нафар расидааст. Баъзе манбаъҳои дигар менависанд, ки аҳолии Хум дар соли 2020 то 72 нафар зиёд шудааст. Новобаста аз шумораи аҳолиаш, шаҳр ҳамасола дар рейтинги хурдтарин шаҳрҳои ҷаҳон мақоми аввалро касб мекунад ва яке аз маконҳои сайёҳӣ ба шумор меравад.