Formula novemver 2024
Шаҳнози Рустам аз бе бародарӣ гуфт
1690
Шаҳнози Рустам аз бе бародарӣ гуфт

Шаҳнози Рустам, сарояндаи маҳбубу шинохта, як таронаи падарашро бозхонӣ кардааст.

Ин сурудро падари ӯ шодравон Рустам Қосимов ҳанӯз солҳои 90 сароида буд. Ба баёни ҳолдонҳо, ин тарона яке аз охирини сурудуҳои шодравон қабл аз маргаш буд ва худи сароянда он ҷо бештар зикри марг мекунад.

Дар ин тарона овозхон аз надоштани бародар ғамгин буда, ҳаваси доштани ҳадди ақал як ака ё додарро кардааст:

Бечора касе, ки бе бародар бошад,
Дар рӯи замин чун мурғи бе пар бошад.
Доман пури зар кунему додар бихарем,
Ин додари зархарид чӣ додар бошад.

Шакли аслии ин тарона соле қабл ба интернет роҳ ёфт ва то ин муддат бештар аз садҳо ҳазор нафар онро шунидаанд. Шаҳноз низ онро айнан сароидааст, ки мисраъҳои аввали он чунин аст:

Мо дар камарем, решаи мо дар камар аст,

Мо мемирему очаи мо бехабар аст,

Ҳойи очама гӯен ҷомаи ғам пора кунад

Шаб дар таги сар монаду рӯз нола кунад.

Баъде чанд сол модари сароянда Рузигул Қосимова дар рӯзи ёдбуди писараш роҷеъ ба ин тарона ва умуман, рӯзгори ӯ суҳбат кард. Ба нақли модараш, шояд ин тарона паёме буд ба модараш аз марги овозхон, чун он замон дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва азбаски Рустами Қосим яке аз мутрибони номдори минтақа буд, душмани зиёд дошт.

Шаҳнози Рустам зимни суҳбат бо "Oila" гуфт, ин тарона аслан дарди дили падараш буд, ки акнун аз они ӯ ҳам аст, зеро падари ӯ дар оила як писар буда, бародар надошт.

"Мо дар оила 4 духтарем ва ман бародар надорам. Падарам ҳам як писар буд. Як вақт сахт маззаам гурехт ва маҳз ҳамин тарона дарди дилиам гашт", - гуфт сароянда зимни суҳбат бо "Oila".

Бояд гуфт, ки Шаҳноз қаблан ҳам суруди дигареро аз репертуари падараш бо номи "Садқаи Кӯлоб шавам" сароида буд, ки бинандаи зиёд пайдо кард, зеро ин тарона низ замоне аз хит-сурудаҳои падари ӯ буд ва то имрӯз бисёриҳо онро бозхонӣ кардаанд.

Рустами Қосим 21 марти соли 1969 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шурообод) ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди аввалин ва писари ягонаи хонадони муаллими фанни мусиқӣ Маҳрам Болтаев ва корманди театр Рузигул Қосимова буд. Рустам 6 хоҳар дошт. Падару модари ҳунармандаш меҳри ҳунарро дар дили ӯ бедор намудаанд ва ин буд, ки аз овони кӯдакӣ ба сурудхонӣ шуғли беандоза дошт. Модараш ба ӯ аввал дуторнавозиро омӯхта буд, баъдан ба ӯ аккордеон харида, оҳангҳои навро барояш меомӯхт.

Рустами Қосим хониши ибтидоиро дар мактаби ба номи Ленини ноҳияи Ҳамадонӣ оғоз намуда, баъдан аз синфи 6-ум инҷониб, яъне то хатми мактаб дар МТМУ №8-и шаҳри Кӯлоб таҳсил карда, онро соли 1986 хатм намудааст.

Соли 1988 баъди хатми мактаб бо Зулфия Холматова (модари Шаҳноза, Фируза ва Дилноза) хонадор шуда, ҳамон сол ба хизмати ҳарбӣ ба кишвари Эстония рафт. Рустам аз издивоҷи дувум духтаре ба исми Нишона дорад, ки имрӯз сарояндаи маъруф аст. Аз ин хонавода Шаҳноз ва Нишона пайрави падар шуда, ҷодаи нотамоми ӯро идома медиҳанд. Модараш ҳам дутор менавозаду суруд мехонад ва бештар ёди Рустам мекунад.

Рустами Қосим 26 январи соли 1995 дар маҳаллаи 9 километри шаҳри Душанбе дар ҷойи хобаш ба қатл расонида шуд. Наздиконаш ҷасади ӯро дар зодгоҳаш ба хок супурданд. Бо вуҷуди ривоятҳои зиёд сабаби маргаш ва аз ҷониби кӣ кушта шуданаш то ҳол равшану маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД