Имрӯз, 18-декабр бахшида ба “Рӯзи байналмилалии муҳоҷират” дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷуиҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноз Нодирӣ, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Худоназар Оҷимамадов, мудири минтақавии ICMPD дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна ҷаноби Радим Жак ва кормандони васоити ахбори омма чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.
Шаҳноз Нодирӣ, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни суханронии худ аз нақши рӯзноманигорон дар инъикос ва ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ёдовар шуда, аз ҷумла гуфт:
“Журналистон, блогерҳо ва дигар кормандони васоити ахбори омма дар инъикос ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ нақши муҳим доранд. Танҳо бо кӯмаки матбуот, радиову телевизион, сомонаю расонаҳои интернетӣ имрӯз мо метавонем иттилооти дурустро дар бораи қонунҳои нав ба нави муҳоҷиратӣ, ки дар Русия ва дигар кишварҳо қабул карда мешаванд, ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик сари вақт расонида, ба баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва тахассуси муҳоҷирони тоҷик мусоидат намоем...”
Дар идомаи сӯҳбат хонум Нодирӣ қайд кард, ки соли 2024 новобаста ба ҳама мушкилиҳои мавҷуда барои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли бобарор буд, зеро тавонистем бо се давлати хеле пурқувват аз ҷумла Ҷопон, Кӯриёи Ҷанубӣ ва Қатар барои интиқоли қувваи корӣ ба ин кишварҳо созишномаҳои муфиди дуҷонибаро ба имзо расонем. Ин давлатҳо тайёранд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро соли 2025 қабул намоянд, вале пеш аз сафар мо бояд муҳоҷирони меҳнатиро омода созем, то забони кишвари қабулкунандаро ақаллан дар сатҳи гуфтугӯ омӯзанд, бо қонунҳои муҳоҷиратии ин давлатҳо ошно шаванд ва аз нигоҳи касбӣ омодагӣ бигиранд....”
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хонум Шаҳноз Нодирӣ ҳамчунин дар бораи курсҳои ройгон ва кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои калонсолон ва дигар тадбирҳое, ки аз ҷониби вазорат бо мақсади кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ шудаанд, маълумот дод.
Бахшида ба “Рӯзи байналмилалии муҳоҷират” як қатор кормандони васоити ахбори оммаи кишвар, журналистон ва блогерҳо, ки мавод ва филму барномаҳои худро дар мавзуи муҳоҷират ба озмун пешниҳод карда буданд, бо ҷоизаи “ MEDIA AWARD-2024” қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла Фирӯза Сатторӣ, сармуҳаррири сомонаи Oila. tj низ барои таҳияи беҳтарин силсилабарномаҳои видеоӣ дар мавзӯъҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ сазовори ҷоизаи “ MEDIA AWARD-2024” гашт.