Ҷавонзани 20- сола ҳастам. Волидонам маро дар 17 солагиам ба шавҳар дода буданд.
Аввалҳо зиндагиамон хуб буд, вале баъд шавҳарам ба муҳоҷират рафта бо зани шавҳармурдаи ду кӯдак доштае ошноӣ пайдо карда, маро ба гирдоби ғаму ғусса ғӯтавар гардонд. Аз рӯйи ҳамон зан мудом бо ман ҷанг карда, ҳафтаҳо қаҳрӣ мешуд.
Камтар тоқат кунед, лабамро дар оина сурх карда шавам, баъд мошинро аз роҳ мегирам...”
Мехостам аз баҳри чунин зиндагӣ баромада ақди никоҳамонро бекор созам, аммо волидонам монеъ гаштанд. Номаҳои пурмеҳри шавҳарамро ба он зан дар саҳифаи интернетиаш мехондаму хун ба сарам мезад. Вай ба он зани бегона чунон суханони ширине мегуфт, ки ман ҳамсари қонуниаш ягон бор аз забонаш чунин гапҳоро нашунида будам. Рашку алам маро дарун ба дарун мехӯрд. Чанд бор аз шавҳарам пурсидам, ки росташро гӯй, дар дилат меҳри кӣ бештар маъво дорад, агар он занро аз ман бештар дӯст дорӣ, ман садди роҳи хушбахтиатон намешавам, вале даст афшонда “девонагӣ накун, ту ҳамсари қонунии ман ҳастӣ, вай бошад, танҳо барои айшу ишрат аст” гӯён, ба таври худаш дили маро пур мекард. Ҳамин тавр “сари кафида зери тоқӣ” гуфта, ба тақдир тан додам ва соҳиби се фарзанд гаштам. Имрӯз муносибати шавҳарам бо ман хуб аст, вале дили ман аз вай чунон мондааст, ки дигар ҳатто рӯяшро дидан намехоҳам. Хотири бачаҳоям зиндагӣ карда истодаам, вале ҳар гоҳе, ки шавҳарам маро навозишу меҳрубонӣ мекунад, гапҳои ба он зан навиштааш пеши рӯям омада, нафратам нисбати ин марди хиёнаткор даҳчанд мегардад. Хонадории бемеҳру муҳаббат ба дилам задааст, вале модарам мудом “духтари бе ақл ояндаи се фарзандатро андеша кун, охир ҳеҷ кас ҷойи падари худашонро гирифта наметавонад” гӯён, маро маҷбур мекунад, ки бо дили нохоҳам ва гардани баста зиндагиамро бо ӯ идома диҳам. Дар миёни дурҳаи зиндагӣ зору ҳайрон мондаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, ҷомаашро дар сари китфаш партофта шавҳари дузанаамро аз дар берун кунам ё зиндагии бераҳгамро идома диҳад?
Шамсия, ш. Душанбе