1xbet
Шамсиддин Орумбекзода: Дуои сафеди падару модар моро дар зиндагӣ хушбахт кард
230

Оила пойдевори асосии давлат буда, ояндаи дурахшони ҳар як миллат аз маърифати хонадорӣ, тарбияи фарзандони неку солеҳ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва хушбахтии оилавии хонаводаҳои он вобастагӣ дорад. Оилаҳои бо фазлу хирад натанҳо фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд, балки ҳамзамон тарбиятгари ҷомеа мебошанд. Аз ҳамин хотир мо меҳмонӣ яке аз чунин оилаҳои намунавӣ ва хушбахту саодатманди тоҷик, собиқ вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода ва ҳамсарашон Аспармо Мавлонназарова гаштем, то ки асрори хушбахтии оилавӣ ва қиссаи ишқу зиндагии эшонро ба шумо-хонандагони азиз аз забони худашон нақл кунем.

Никоҳ дар осмонҳо баста мешавад

- Шуморо дар Тоҷикистон аксарият ҳамчун зану шавҳари намунавӣ мешиносанд. Мегуфтед, ки қиссаи ишқатон аз куҷо шурӯъ гашта буд ва аз он айёми ширин чи хотираҳо доред?

Аспармо Мавлонназарова:

- Мо ҳарду зодаи Бадахшон бошем ҳам, замони донишҷӯӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуда, ба ҳамдигар дил бастам. Он замон ман дар донишкадаи омӯзгорӣ мехондаму ин кас дар донишгоҳи миллӣ, вале бо амри тасодуф шинос шуда, ширики якумраи ҳамдигар гаштем. Инак, беш аз 50 сол мешавад, ки оиладорем ва 5 фарзанди некро тарбият намуда, ба воя расонидем. Шукри худо имрӯз 11 набера дорем. Фарзандонамон ҳама соҳиби маълумоти олӣ ва зиндагии ободанд.

Шамсиддин Орумбекзода:

- Мегӯянд, ки никоҳ дар осмонҳо баста мешавад ва фикр мекунам, ки ин сухан бе ҳикмат нест. Ман ду падар ва ду модар дорам - падару модари асилиам ва амаку янгаам, ки маро аз шашмоҳагӣ ба воя расонида, тамоми ҳастиашонро сарфи тарбияи банда намудаанд. Ҳарду модарам бисёр занҳои оқила ва хирадманд буданд. Замони донишҷӯӣ вақте аз Душанбе ягон туҳфа гирифта ба Бадахшон мерафтам, модаре, ки маро тарбият кардааст, мегуфтанд, ки бачаҷон, ин барги сабзро бурда ба модари асилат деҳ, чунки вай туро ба дунё овардааст, вале вақте назди модари аслиам мерафтам, маро ба назди ин модар равон карда мегуфтанд, ки бачам, туро ҳамон зан тарбият кардааст ва модарат ӯст, тезтар наздаш рав, ки дилаш хиҷил нашавад. Барои қарзи фарзандии худро адо намудан ман бояд барвақт оиладор мешудам, то ки барои модарам дар симои келин як дастёр барам, то ки дар кору бори хона ёрӣ расонад. Аз вохӯрии аввал ҳис кардам, ки ҳамин духтар ба ман муносиб аст, барои ҳамин пешниҳоди издивоҷ намудам.

Падарарӯсам ба издивоҷи мо розӣ набуданд, вале...

- Шумо чанд сол пеш зимни сӯҳбат гуфта будед, ки падарарӯсатон чанд сол бо шумо гап намезаданд, қаҳрӣ буданд. Сабаби ранҷиш ва норозигии он кас дар чи буд?

Шамсиддин Орумбекзода:

- Бале, аввал ҳамин тавр буд, вале баъд домоди дӯстдошта шудем. (Механдад). Сабаби ранҷишашон дар зуд издивоҷ кардани мо буд. Ҳамсарам ҳамноми аммааш аст ва падараш намехост, ки ӯро дар ҷойи дур ба шавҳар диҳад, аммо...

Аспармо Мавлонназарова:

- Падарам дар бисоташон фақат як апа доштаанд ва номи амаамро, ки шавҳар карда ба Самарқанд рафта буданд, ба ман гузошта буданд. Фақат ҳунармандии апаашонро таъриф карда мегуфтанд, ки ту бояд ба мисли аммаат зани ҳунарманд шавӣ. Таъкид мекарданд, ки дар гӯшат бигир, ман туро дар ҷойи дур ба шавҳар намедиҳам ва ман ҳам ваъда медодам, ки ҳаргиз онҳоро монда ба ҷойи дур намеравам, вале...

-Ошиқ шуда, ваъдаи ба падар додаатонро фаромӯш кардед?

-Бале, ҳамин тавр шуд! Одам, ки ошиқ шавад, тамоми оламро аз ёд мебурдааст... (Механдад)

Рӯзгордориро аз хушдоманҳоям омӯхтам

- Бисёр келинҳо ҳатто бо як хушдоман забон ёфта наметавонанд, вале шумо якбора соҳиби ду хушдоман гаштед. Муносибати онҳо бо шумо чи гуна буд?

Аспармо Мавлонназарова:

- Аслан мо бо падару модаре, ки шавҳарамро ба воя расонида буданд, зиндагӣ мекардем, вале бо модари аслиашон низ муносибатамон хеле хуб буд. Бисёр зани аҷиб буданд хушдоманам, ҳама он касро таъриф мекарданд. Росташро гӯям, ман дар оилаи муаллим ба воя расида, духтари калонӣ ва эрка будам. Корам фақат ҳунармандӣ ва дӯхтан буду халос, ба кору бори хона чандон ҳавас надоштам, аммо модари дуюмам, яъне хушдоманам, аниқтараш хушдоманҳоям оҳиста-оҳиста тамоми нозукиҳои рӯзгордориро ба ман ёд доданд.

- Аслан одамони мансабдор танҳо бо оилаҳои ҳамсанги худашон қудо мешавнад. Фарзандонатон бо майли худ издивоҷ намуданд ё келину домодҳоро худатон интихоб кардед?

Шамсиддин Орумбекзода:

- Дар мардуми Бадахшон ҳаргиз духтар ё писарро ба издивоҷ бо ягон кас маҷбур намекунанд. Ҷавонҳо худашон бахташонро меёбанд ва бо ишқу муҳаббат оила бунёд менамоянд. Фарзандони мо низ бо хоҳиши худашон издивоҷ карданд. Келину домодҳоро ба мисли фарзандони худ дӯст медорем, онҳо низ ҳурмату эҳтироми моро ба ҷо меоранд.

Рӯзгори бобаракат хоҳӣ, дуои падару модарро бигир!

- Шумо беш аз ним аср боз бо ҳам ҳаёти хушбахтона ба сар бурда истодаед. Сирри хушбахтии оилавиатон дар чист?

Шамсиддин Орумбекзода:

- Ман фикр мекунам, ки сирру асрори хушбахтии мо дар дуои неки падару модар аст, зеро ҳарчанд солҳои охир бо сабаби масъулиятҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз онҳо дур зиндагӣ кунем ҳам, ҳамеша аз ҳолашон хабардор будем ва онҳоро ҳурмату эҳтиром мекардем. Тавре ки сарвари давлатамон ҳамеша дар баромадҳояшон мегӯянд, калонсолонро эҳтиром намудан, як каф дуои сафедашонро гирифтан, дар ҳаққи бародару хоҳар ва дигар наздикони худ ғамхорӣ кардан шарти муҳимтарини одамият буда, инсонро дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд мерасонад.

Хушбахтӣ дар пул нест

- Як латифаи русӣ ҳаст, ки зан мегӯяд, пулҳои ман пулҳои ман ҳастанд ва пулҳои шавҳарам низ пулҳои мананд. Пулҳои оилаи шумо моли кӣ ҳастанд ва умуман хароҷот ва даромаду баромади оиларо кӣ ҳисобу китоб мекунад?

Шамсиддин Орумбекзода:

- Хушбахтона мо ҳеҷ вақт пули зиёд надоштем, ки боиси баҳсу мунозира гардад. Як оилаи классикии миёнаҳол ҳастем, шукри худованд аз чизе камбудӣ надорем, ба касе мӯҳтоҷ нестем, вале пули зиёдатӣ надорем.

Аспармо Мавлонназарова:

- Мо ҳатто хонаи шахсии худро надорем, дар хонаи ҳукуматӣ зиндагӣ карда истодаем. (Механдад).

Шамсиддин Орумбекзода:

- Танҳо дар Бадахшон як кулбачаи аз падарам меросмонда ҳасту халос, вале парвои пулу моли дунё ва зару зевар надорем, чунки хушбахтӣ на дар боигарӣ, балки дар ҳамдилӣ, самимият, меҳру муҳабат ва ҳурмату эҳтироми ҳамдигар аст.

- Аслан ягон оилае нест, ки дар байни зану шавҳар ҳеҷ гоҳ баҳсу мунозира сар назанад. Мабодо дар байни шумо ягон моҷаро ба миён ояд, кӣ аввалин шуда роҳи оштишавиро меҷӯяд? Умуман, ягон бор қаҳрӣ мешавед?

Шамсиддин Орумбекзода:

- Зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад албатта ва байни мо низ гоҳе нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд, ки бештарашон иқтисодӣ ҳастанд. Занҳо табиатан ҳамин хел сохта шудаанд, ки ҳаёти худро бо дигарон қиёс мекунанд. Бону ва фарзандони мо низ баъзан мегӯянд, ки чашматонро кушода, як бор зиндагии дигаронро тамошо кунед, бинед, ки одамон чи хел қасру хонаҳои боҳашаммат сохта истодаанд, веле ман мегӯям, ки ба касе таассуб накунед. Раҳматӣ падарам ҳамеша моро насиҳат мекарданд, ки ҳаргиз думболу молу сарвати дунё нагардед, ки одамро ба ҳар гуноҳу хато тела медиҳад. Он кас ҳатто иҷозати колин харидан намедоданд, мегуфтанд, ки ин одати бад аз аз замони феодалӣ боқӣ мондааст. Ҳамон панду насиҳатҳои падарро дар гӯши худ ҳалқа карда, мо ҳаргиз думболи сарват ва пулу мол нагаштем.

Дар боби рашк ва боварӣ

- Шавҳаратон як умр дар вазифаҳои баланд кор карда омаданд, замоне ҳатто вазир буданд. Табиист, ки дар атрофи чунин мардони бообрӯ бонувони зебои зиёде чарх мезананд. Шумо рашк намекардед?

Аспармо Мавлонназарова:

- Росташро гӯям, ман барои рашк кардан вақт намеёфтам, чунки ҳушу ҳаёлам ҳамеша бо ҳунарам банд аст. Бофандагӣ бисёр ҳунари нозук аст ва хатогиро намеписандад, барои ҳамин ман ҳар як нақшро борҳо ҳисоб мекунам, то ки чизҳои бофтаам латиф ва дилкаш бароянд. Албатта, буданд одамоне, ки занг зада, ҳар хел гапҳо мегуфтанд, вале ман бовар намекардам. Мегуфтам, ки шавҳари ман як марди оқилу доно ҳастанд, наход, ки ба рӯйи оилаи обод ва 5 фарзанди гул барин зебояшон по гузошта, ягон кори нодуруст кунанд. Ба шавҳарам, ки боварӣ доштам, ҳеҷ гоҳ аз пайи гапу хабари мардум намегаштам.

Зан сарвати мард аст

- Маслиҳати шумо ба ҷавононе, ки нав хонадор шудаанд ё оиладор шудан мехоҳанд?

Аспармо Мавлонназарова:

- Маслиҳати ман ҳамин аст, ки духтарҳо аввал хонанд, соҳиби касбу ҳунар гарданд, нозукиҳои хонадорӣ-рӯфтуну шустану пухтанро ёд гиранд ва ба зиндагии оилавӣ тайёр шуда, баъд ба шавҳар бароянд.

Шамсиддин Орумбекзода:

- Дар ин ҷо масъулияти модарон хеле баланд аст. Модар бояд тамоми кору бори рӯзгорро аз хурдсолӣ ба духтараш ёд диҳад, то ки баъди ба шавҳар баромада ба хонаи каси дигар рафтан, духтар ранҷу азоб накашад, вале баъзе модарон имрӯз масъулияти худро аз ёд бурда, духтаронашонро бисёр эрка мекунанд. Духтарҳое ҳастанд, ки ҳатто тугмаро дӯхта наметавонанд. Табиист, ки чунин духтар фардо дар хонаи шавҳар таънашунави хушдоман мегардад. Ба ҷойи косметикаи зиёд харидан ва дар ба дари кошонаҳои ҳусн гаштан ба духтарҳо рӯзгордорӣ ва ҳурмату эҳтироми калонсолонро ёд додан лозим аст, чунки барои мард зебоӣ не, балки ақлу тамиз ва ҳунару покдомонии зан муҳим аст. Беҳуда нагуфтаанд:

Зани хубу фармонбару порсо,

Кунад марди дарвешро подшоҳ.

Зани хуб, зани порсову меҳрубон ва оқилаю дурандеш беҳтарин сарвати мард аст ва метавонад зиндагии оилавиро ба ҷаннат табдил диҳад. Зани бехирад бошад, баръакс, зиндагиро ба дӯзах табдил медиҳад. Аз ҳамин хотир ҷавонон пеш аз он ки оиладор мешаванд, бояд ҳамдигарро хуб омӯзанд ва ба худашон савол диҳанд, ки оё аз ӯҳдаи таъмини оила мебароянд, метавонанд масъулияти оиладориро бар дӯш бигиранд ё не?! Аз рӯйи ҳавою ҳавас, нафаҳмидаю насанҷида ошиқ шудану оила барпо намудан ба ҷуз хонавайронӣ ва кӯдакони зиндаятиму тақдири шикаста дигар ҳосиле ба бор намеорад...

- Назаратон ба зӯроварӣ дар оила чӣ гуна аст?

Аспармо Мавлонназарова:

- Ман фикр мекунам, ки зӯроварӣ ин беадабӣ, бехирадӣ ва аз кӯчаи одамгарӣ тамоман баромада, инсон будани худро аз ёд бурдан аст. Дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ба зӯроварӣ роҳ додан лозим нест, на аз ҷониби мард ва на аз ҷониби зан. Дар оилаи мо умуман ин чиз ҷой надошт.

Шамсиддин Орумбекзода:

- Аслан дар оила мард бояд сарвари хонадон бошад ва аҳли оиларо идора кунад, аммо солҳои охир аксари мардҳо бе кор монда, аз ӯҳдаи хӯрондану пӯшондан ва таъмини ниёзҳои дигар аҳли хонаводаашон намебароянд. Дар ин миён баъзе занҳо пулдор шуда, шавҳарашонро дигар писанд намекунанд. Ман фикр мекунам, ки зӯроварӣ нисбат ба мардон бештар гаштааст. (механдад) Агар ҷиддӣ гӯем, дар оила ҳеҷ гоҳ ба зӯроварӣ роҳ додан лозим нест, на нисбат ба зан, на нисбати фарзандон ва на нисбат ба ягон аъзои дигари хонавода. Муносибатҳои оилавӣ бояд дар пойи адолат, эҳтиром ва масъулият сохта шаванд. Дар ҷое, ки муҳаббат ва эҳтиром аст, зӯроварӣ ҳаргиз ҷой дошта наметавонад.  

- Барои суҳбати судман ба шумо як ҷаҳон ташаккур!

Мусоҳиб Фирӯза САТТОРӢ

P. S.

Шакли видеоии суҳбати моро метавонед дар ютуб-канали Oila.tj тамошо кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД