Сӯистифода аз вазъияти машаққатборе, ки имрӯз фарогири тамоми оламиён шудааст, нархи маҳсулот ва бархе аз хизматрасониҳо ба фарқи осмон рафта мерасад. Дар ин роҳ бисёриҳо қиёфаи аслии худро нишон доданд ва исбот ҳам карданд, ки кӣ ҳастанду чӣ гуна бетараф, чашмгурусна ва дар зоҳир мусулмонанд.
Бешак, ин вирус ба зудӣ аз кишвари мо меравад. Аммо хиёнати баъзе аз тоҷиронро дар ин росто дар баробари ҷонфидоиҳои шабонарӯзии фариштаҳои сафедпӯш ин миллат асло фаромӯш намекунад. Зеро ин амале, ки чанд тоифа (махсусан баъзе тоҷирону чанд тан дорӯфурӯшон) карда истодаанд, ба доираи инсонӣ рост намеояд. Тоҷирони ришдори бозорнишин бо китфу бозуи барҷаставу ба қавле фуки чухт “моем мусалмони ҳақиқӣ” гуфта, чанд бор зиёрати хонаи Худо рафтаанд, садҳо афсӯс, ки танҳо дар либоси мусалмон будаанд.
Ҳар он тоҷир ё дигар шахсе, ки дар ин вазъият нархро худсарона баланд мекунад, ғайриинсон ва хоини миллат аст, зеро чунин амали пастро ҳатто душман раво намебинад (кишварҳои ҳамсоя ин қадар дасти кӯмак дароз доранду баъзе тоҷирони худӣ дасти ғорат ба киссаи мардум).
Дониста бошед, ки бузурге гуфтааст:
Шамшери Худо садо надорад,
Захми пайи ӯ даво надорад.
Вақте мегӯянд дӯконе оташ гирифт ё бозореро сӯзониданд, ҷойи тааҷҷуб нест, чунки ана ҳамин пайи захми он шамшер аст. Пас, аз ҳозир мебояд андеша кард.