Шабонарӯзи гузашта дар кишвар шамоли сахт ба вуҷуд омада, дар Душанбе шикастани дарахтон, бардоштани боми хонаҳо аз ҷониби Куматаи ҳолатҳои фавқуллода ба қайд гирифта шудааст.
Санаи 19 май соати 20:36 дар наздикии бинои ҳокимияти иҷроияи давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт, воқеъ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев, хонаи №36/3 бар асари боди шадид як дарахти бузург ба болои мошини тамғаи “ Ниссан” чаппа шуд.
Ҳамчунин дар соати 21: 48-и ҳамон рӯз дар ҳудуди маҳаллаи Навбаҳор-2 ноҳияи Сино шамол сахт вазида боми як хонаи шашошёнаро аввал болои 7 мошини дар наздикии бино буда ҳавола дода, баъдан ба замин мепартояд.
Ҳолатҳои бақайд гирифташуда , талафоти ҷониву хисоратӣ ба қайд гиирфта нашудааст.
Дар ҳамин робита Кумита аз соҳибони мошинҳои шахсӣ хоҳиш мекунад мошинҳои худро дуртар аз дарахтон ва биноҳои бомашон ларзону осебпазир гузоранд.