Вақтҳои охир гузоштани шамъҳои хушбӯй дар хона мӯд шудааст, вале тадқиқотҳои олиҷон исбот намуданд, ки ин шаъмҳо ҳавои хонаро ифлос карда, ба саломатии инсон зарар мерасонанд.
Олимони Амрико мегӯянд, шамъҳои хушбӯй на камтар аз газ ва дӯди ғӯлизе, ки корвони мошинҳо хориҷ мекунанд, ҳаворо ифлос месозанд. Шамъҳои хушбӯй аз худ заррачаҳои ноаёне хориҷ менамоянд, ки дар ҳаво бо озон пайваста, ноноҳиссаҳои заррарнокро ба вуҷуд меоранд. Ин заррачаҳои ба чашми инсон ноаён тавассути ҳаво ба шуш афтида, баъдан ба хуни инсон ворид мешаванд ва низоми кори шуш, узвҳои нафаскашӣ, дил ва майнаи сарро вайрон мекунанд. Дар натиҷа кас ба ҳар хел бемориҳои вазнин аз қабили астма ва инсульт гирифтор шуда метавонад.
Солим мондан хоҳед, дар манзилатон ҳеҷ гоҳ шамъҳои хушбӯйро фурӯзон накунед.