Arzon march 2024
Шӯҷаллоб қисми 1
2312

                      Фалокат аз зери по

Шавҳарам ба таъмири ҳавопаймоҳо машғул буд, корашро зиёд дӯст медошт ва орзу мекард, ки сарнишини ҳавопаймо бошад. Як рӯз бо шодмонӣ гуфт, ки шашмоҳа ба Қазоқистон хонданӣ меравад ва аз он сӯ багашта, Худо хоҳад «парвоз» мекунад, аммо фалокате шуду…

Шавҳарам ҳамроҳи ҷӯраҳояш ба оббозӣ рафту аз он сӯ ӯро ба беморхона бурданд, ҳангоми бо сараш ба об паридан зарб хӯрда буд. Тамоми талошҳои табибон беҳуда баромаданду Рустам маъюб шуд, пой ва дастонаш кор намекарданд.

Ӯро то аз кор омадани ман хушдоманам нигоҳ мекард, боқӣ ман, шаш моҳ пас аз маъюб шуданаш шавҳари меҳрубонам маро бадбахту фарзандаконашро ятим карда, вафот кард. Нозанин панҷ ва Нозим се сол доштанд, ки аз падар маҳрум шуданд, хушдоманамро дарди писараш аз пой афтонд ва мемирам гӯён, ду писари дигарашро дар як рӯз тӯй карда, келин овард.

Пас аз ду соли марги писари калонияш хушдоманам, ки ҳамагӣ 58 сол дошт, вафот кард, дарё дарё ашк рехтам барои ин зани меҳрубони аз олам чизе надида. Намедонистам, дарди ҳамсари ҷавонмаргамро нола кунам ё дарди хушдомани меҳрубонамро.

Падару модарам аҳволамро дида, маро ба деҳа бурданӣ шуданд, аммо ба онҳо гуфтам, ки “ман майлаш, аммо кӯдаконам дар дари меҳрубонтарин бародар ҳам намеғунҷанд”.

Онҳо зуд-зуд омада, бо ман моҳҳо меистоданд, ба бахти ману фарзандонам духтарони дугоники апаам Шаҳлову Шифо ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, дар хонаи ман истиқомат мекарданд ва аз балои танҳоӣ раҳоям карданд.

Акнун ба боғчаву мактаб бурдани фарзандонам, кору бори ҳавлӣ ҳама бар дӯши ин ду ҷиянҳоям буд, ман ду баст кор мекардам, дарси иловагӣ медодам то пораи нони фарзандонамро пайдо кунам. Бародарону ҳеварҳоям ёриям мерасониданд, аммо бо ёрӣ мешавад зиндагии ду фарзандро бурд?!

                      Ишқи пирӣ

Ёд дорам, як ҳофиз бо овози ширину ширадор мехонд, ки:

Модар бимирад падар пияндар гардад,

Ҳоли зори фарзанд бадтар гардад…

Хусури ман ҳам зангир шуду дигар ба фарзандон мисли пияндар муносибат мекард. Ӯ ба як бевазани бефарзанди дӯзанда ошиқ шуду шабу рӯз фарзандонашро мегуфт, ки хонаро холӣ кунанд, зеро пирарӯсаш намехостааст, ки бо келину набераҳои ӯ зиндагӣ кунад. Ҳеварҳоям ҷавонмардони баномусе буданд, калонӣ тоҷир буду ҳавлӣ ва хонаи сеҳуҷрагӣ дошт. Ӯ худаш ба ҳавлияш кӯчид ва ду додарашро дар хонаи сеҳуҷрагияш ҷо кард, ҳевари кенҷагиям зану кӯдакашро гирифта, ба Русия рафт, онҳо намехостанд, ки байни мардуми маҳалла ва хешу табор бо падари ба куи ишқи пирӣ афтидаашон хархаша кунанду худашонро шармандаи ду дунё созанд. Хусурам бо ману фарзандонам ҳам соз набуд, баъди ду рӯзи холӣ шудани хона падари шавҳарам Зиннатойро ба ҳавлию ҳарами бо хуни дил обод кардаи хушдоманаму ҳеварҳоям овард. Ростӣ, натавонистам ба ин манзара бефарқ нигоҳ кунам ва аз ҳисоби худам рухсатӣ гирифта, ба деҳа рафтам. Пас аз омаданам аз забони ҷиянҳоям як гапҳое шунидам, ки хоб аз сарам парид. Хусурам патаку пайтобаи зани навашу хешу табори ӯ гашта буд, дар ин миён падарам аз бемории сактаи дил аз дунё гузашту бо ғами худ овора, дигар ба хусурам аҳмият намедодам. Аммо як бегоҳ худаш хона омаду аз падарам ёд карда, афсӯс хӯрд, баъд гуфт, ки Зиннатой зани хуб асту бо вай рафту омад кун. Ҳеваронам баъди рафтан аз ҳавлӣ рафтуомадро қатъ карда буданд ва гапи хусурам ду нашавад гӯён, як рӯз ош пухта, ба назди зани хусурам рафтам. Зиннатой маро сардакак пешвоз гирифт, ӯ хонаеро, ки мо сарҷамъ мешудем, ба сехи дӯзандагӣ табдил дода буду шогирдонаш он ҷо ба дӯзандагӣ машғул буданд. Зиннатой зани сапсафеди болобанди дар тилло ғутидагии усмаву сурмамолидагие буд. Хусурам дар хона набуд, Зиннатой оши худамро пешам гузошта, дар як чойник чой дам карда, пешаш гузошту ба сухан оғоз кард:

-Шумо беваи писари мардакам а? Аз ин сухани ин зани бадгуҳар дар он шоми гарми тобистон дар сарам як сатил яхоб рехтагӣ барин, ларзаам гирифт, на ҳа гуфтанамро медонистаму на не гуфтанамро.

Беваи баттол дид, ки тираш ба нишон расидааст, тири заҳрогини дигар зад.

-Шумо духтари хушрӯй, кайҳо ба мардаки ман бегона шудаед, аммо аз чӣ бошад, ки бисёр мехоҳад бо шумо равуо кунам,- тир аз ҷавшани ҷонам гузашту лаби дастархонро таҳ карда, хестам. Дигар поямро ба хонаи хусурам намондам ва барои халос шудан аз тӯҳматҳои навбатии Зиннатой қарор додам, ки шавҳар мекунам.

                                                             давом дорад

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД