Бар асари зарар кардани шавҳарам дар тиҷорат, ӯ аз бонкҳо ва баъзе хешовандон қарзҳои хеле калон гирифтааст. Барои баргардонидани он қарзҳо солҳои зиёд лозим аст. Оё бароямон ҷоиз аст, ки дар чунин ҳолат ба ҳаҷ ё умра биравем?
САЙРАМОЙ, ш. Бохтар
Посухи домулло Хомӯшӣ:
- Яке аз шартҳои ҳаҷ тавоноӣ аст, ки тавоноии молиро низ дар бар мегирад. Яъне агар хонаводаи шумо қарздор бошад, беҳтар аст аввал аз пайи адо кардани қарз шавед ва бо дили пур ба ҳаҷ биравед. Кӣ медонад, ки инсон чанд сол умр мебинад. Дар сурати бемор шудан ё худое накарда дар сафари ҳаҷ фавтидани шахси қарздор тасаввур кардан душвор аст, ки бо ӯ ва қарзҳояш чӣ сурат мегирад.
Яъне агар шахс қарзе дошта бошад, ки аз ӯ талаб карда шавад, ба ин маъност, ки қарздеҳон ӯро аз адои ҳаҷ боздоранд, то он даме, ки қарзҳояшонро адо накунад, пас дар ин ҳолат, ӯ набояд ба ҳаҷ биравад, зеро тавоно ҳисобида намешавад.
Шариати Ислом дар ин ҳолат чунин назар дорад. Вале ҳолати дигаре ҳам ҳаст. Агар нафаре ба тиҷорат машғул аст ва барои рушди тиҷораташ ҳамеша қарз гирифтаву бозмегардонад, яъне шарикони қарздеҳаш қарзҳояшонро аз ӯ талаб накунанд ва бидонад, ки онҳо аҳли тасомуҳу гузаштанд (ва онҳо розиянд, ки ӯ ба ҳаҷ биравад), пас дар ин ҳолат, метавонад ба ҳаҷ биравад ва ҳаҷи ӯ дуруст аст. Вале дар ҳолати шумо, ки қарздоред ва хонаводаи шумо дар ҳолати душвор қарор дорад, ба ҳаҷ рафтани шумо ҷоиз нест. Беҳтар аст, ки ба Худованд паноҳ биёред, дуо кунед ва иншоаллоҳ, ки аз қарз халос шудед, ба зиёрати хонаи Худо меравед.