Formula novemver 2024
Шаҳид шудан дар садама дар хоб чӣ таъбир дорад?
2317


Дишаб хоб дидам, ки ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда мурдаам, вале руҳам одамони дар атрофи ҷасадам гиряву нола карда исттодаро аз боло назорат дорад.

Ростӣ, чунон сахт тарсидам, ки вақте додгӯён бедор шудам, дилам гурс-гурс мезад ва кам монда буд, ки дилкаф шавам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!
Муродулло аз Истаравшан

Посух

Бародари азиз! Худро беҳуда бо фикрҳои мағшуш азият надиҳед, зеро ба ҷони шумо ягон хатар таҳдид намекунад. Тавре ки дар хобномаҳои исломӣ омадааст, одам, агар хоб бинад, ки ба садама дучор гашта, ҷони худро аз даст додааст ва хешу табору наздиконаш дар сари тобуташ гиряву нола доранд, дар асл ба доми макр гирифтор шуда, дороишро аз даст медиҳад ё шариконаш дар бизнес ӯро фиреб дода, муфлис мешавад, аммо ба ҳаёт ва ҷонаш ягон осеб намерасад.

Шоҳиди садамаи пурқурбонӣ гаштан дар хоб аз сар задани ҷангу ҷанҷоли сахт бо ёру дӯстон ва ё аз ёраш ҷудо шудани шахси хобдида дарак медиҳад.
Хоб бинед, ки садама рӯй додаасту одамони зиёде зарар дидаанд ва шумо қатори дигарон ин манзараи пур аз хуну халафро тамошо карда истодаед, ба ғайбату бӯҳтон гирифтор мешавед ва наздикатон дар атрофи шумо торҳои макру ҳилла метананд.

Дар хоб аз ҳолати садамавӣ наҷот ёфтан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо ба ягон моҷаро кашида хоҳед шуд, вале он бароятон зарар намерасонад.


Дар баъзе хобномаҳои дигар омадааст, ки садамаи пурқурбонӣ дар хоб як навъ огоҳӣ аст. Офаридгор бо воситаи чунин хоб бандаашро огоҳ кардан мехоҳад, ки эҳтиёт бошад, зеро хатари аз даст додани мерос, пули калон ва ё дороии бузурге ӯро думболагирӣ мекунад.

Хоб бинед, ки одамони наздики худро дар садама аз даст додаед, ягон ҳодисае ба саратон меояд, ки боиси асабонияти зиёд ва азоби рӯҳӣ кашидани шумо хоҳад гашт. Дар хоб бар асари садама одам пора-пора шуда бошад ва шумо бо оби дида дасту пойи аз ҳам ҷудо шудаи ӯро аз рӯи роҳ ҷамъ кунед, эҳтиёт бошед, зеро таъбири чунин хоб аз даст додани пули калон бо сабаби хатои шахси хобдида аст.

Хоб бинед, ки дар садама захмӣ гашта, маъюб шудаед, дар муносибат бо ҳамкоронатон бодиққат бошед, зеро хатари бо тӯҳмат ва васвасаи ҳамкасбонатон аз кор ронда шудан шуморо таҳдид менамояд.

Шахс хоб бинад, ки ба садама гирифтор шуда, дар хуну халаф ғарқ гаштааст, вале ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондааст, дар маснад боло рафта, соҳиби мансабу курсӣ мегардад. Дар хобатон одамони ба садама гирифтор шударо наҷот диҳед, дар ҳаётатон ягон ҳодисаи хурсандиовар рӯй медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД