Formula novemver 2024
Шаби наҳс
1449

 

Сафиоллоҳ ҳамон шаби наҳсе, ки сел вориди хонаашон шуд, ҳамроҳи модару бибӣ ва бародарону фарзандони амааш хоб буд. Онҳо баъди соати 22-и шаб якбора садоҳои даҳшатнокро шуниданд. Модару бибиаш чун ба ҳавлӣ баромаданд, рӯйи ҳавлиро аллакай об зер карда буду сел талоши ворид шудан ба хонаро дошт.

Занҳо дарҳол кӯдаконро гирифта, аз сари девор ба хонаи ҳамсоя гузарониданд ва баъди ин, зинапоя монда, худашон ҳам гузаштанд. Аммо, он ҷо ҳам бехавф набудааст ва ҳамин замон якбора мавҷи сел ошхонаи ҳамсояро чаппа карда, акнун оби пурхурӯш аз се тараф онҳоро иҳота карда буд.

Модараш дарвозаи ҳамсояро ба оғӯш гирифта, дар фикри ҷони хушдоману фарзандонаш буд. Ҳар лаҳза онҳоро наззора мекарду барои истодан ҷойи амн мекофт. Ин замон мавҷи сел тарафи дигар гашт ва ӯ дарҳол писарчаи хурдиашро ба оғӯш гирифта, калониашро ба наздаш ҷеғ зад. Модаршӯ набераҳои боқимондаашро гирифта, барои баромадан ба роҳи калон ба дигар сӯи ҳавлӣ тохт, то тифлаконро аз чанголи об наҷот диҳад.

Бино ба нақли Моҳсанам Каримзода, модари Сафиоллоҳ, кӯдаке, ки ӯро дарахт дар оғӯш аз миёни селу лойобаҳо ёфтанд (дар акс), ӯву кӯдаконаш ба доду фарёд задан сар карданд. Ин замон мардони деҳа аллакай ба кӯмаки сокинон шитофта буданд ва онҳоро аз вартаи даҳшат берун оваданд.

“Дар назди хонаамон нақлиёти боркаше меистод, ки кумур дошт. Ронандаро хоҳиш кардам ва мо то соати 1-и шаб дар болои бордони он будем. Сипас, аҳолӣ хабар оварданд, ки боз сел меояд ва ин замон мо аллакай бо шавҳараш хайрухуш карда будем. Аммо, хешовандони он кас ба кӯмакамон омада, моро дар нисфи шаб ба хонаи бобои шавҳарам бурданд. Субҳ фаҳмидем, ки хушдоманамро ҳамроҳ бо кӯдакони дигар сел бурдааст. Баъди кофтукоби зиёд ҷасади ду фарзанди хоҳаршӯямро давоми се рӯз ёфтанд. Хушбахтона, хушдоманаму кӯдакони дигар зинда буданд, аммо дар ҳолати вазнин”, - бо алам қисса кард Моҳсанам ба Oila.tj.

Беҳрӯз Мирзоев, падари Сафиоллоҳ, ки он шаб дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор дошт, зимни суҳбат бо мо гуфт, ҳамсараш барояш занг заду “дидор дар қиёмат” гуфт.

“Даступохӯрда шудам. Зуд ба хешовандонам занг задам, ки дар хонаи ман чунин фалокат шудаасту рафта, зану фарзандонамро ба дигар ҷой бред. Онҳо рафта, ҳамсарам ва кӯдаконро ба хонаи бобоям бурданд”, - гуфт Беҳрӯз.

Баъди ин, ӯ фавран чипта гирифта, ба Ватан баргашт ва айни ҳол дар деҳаи Тангаии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо кӯмаки мақомоту наздикон ва ҳамсояҳо хонаву дарашонро аз лойоба тоза доранд. Сел тамоми биноҳои ёрирасоашонро бо худ бурдааст.

Моҳсанам Каримзода, зимни суҳбат гуфт, шаб кадоме аз наҷотдиҳандагон писари дуюмаш Сафиоллоҳро оғӯш дар дарахт ва пур аз лой ёфтааст. Аҳволи ӯ чунон бад буд, ки вақте дар наворҳо диданд, худашон кӯдакро нашинохтанд.

“Ҳамон шаб тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” писарамро ба беморхона бурдаанд. Мо субҳ ба ҷустҷӯяш пардохтем. Чанд ҷойро дидем. Баъд гуфтанд, ки шабона чанд нафарро ба беморхона бурдаанд. Вақте ин ҷо омадем, аҳволи писарам вазнин буду ӯ дар шуъбаи эҳё мехобид”, - гуфт модари кӯдак.

Яке аз табибони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, кӯдакро шабона ба беморхона оварданд.

"Тамоми сару гарданаш пури лой буд ва ӯро шинохта намешуд. Дар шуъбаи эҳё ҷойгир кардем. Рӯзи дуюм дастонашро кушоду рӯзи сеюм чашмонашро ва айни ҳол дар ҳуҷра бистарист. Аҳволаш хуб буда, таҳти назорати табибон қарор дорад” – гуфт ин табиб бе зикри ном.

Беҳрӯзу Мастона 3 фарзанд доранд ва Сафиоллоҳ писари дуюми онҳост. Ӯ 25 июни соли 2016 ба дунё омада, имсол бояд ба мактаб мерафт. Падару модар барояш либоси мактабӣ харидаву худ дар тараддуди хонанда шудан буд, аммо ...

Аз сабаби оне, ки сари кӯдак зарбаи сахт хӯрда, пайваста дард мекунад, ҳанӯз ба ӯ иҷозати ба мактаб рафтанро надодаанд. Сардори Раёсати маорифи шаҳр ва директори мактабе, ки бояд Сафиоллоҳро ба синфи 1 қабул мекард, ба аёдаташ омадаву гуфтаанд ,ки аввал сиҳат шавад ва баъд дар фикри дарс шавад.

“Маслиҳат кардем ва ба хулосае омадем, ки бояд пурра сиҳат шавад. Духтурон барояш давидану бисёр роҳ гаштанро иҷозат надоданд. Мактаб аз деҳаи мо 1 деҳаи дигар дур буда, роҳаш душвор аст . Ҳоло ба ягон хулоса наомадаем, ки кай бояд ба мактаб равад”, - гуфт модараш.

Ёдовар мешавем, ки шаби 27 ба 28 август дар ҳудуди ҷумҳурӣ боронҳои дурударози пуршиддат бориданд, ки дар натиҷа селу фаромадани ярч ба амал омада, бисёр кӯпруку роҳҳо ва манзилҳою истиқоматию ҷони одамонро рабуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Ваҳдат сел дар ҳудуди ҷамоатҳои Симиганҷу Чӯянгарон ва Нӯъмон Розиқу Ромит бештар хисорот овард.

Хусусан, селу ярч дар маҳаллаҳои Бӯстонсаройю Мағов ва Фириштию Чорбоғи ҷамоатҳои деҳоти Чӯянгарону Симиганҷ зарари калони молию ҷонӣ расонд.

Мувофиқи маълумоти фаврие, ки ба дасти Oila.tj расид, сел шабона шиддат гирифта, ба зиёда аз 210 манзили истиқоматӣ хисороти ҷиддӣ оварда, қариб бист манзили дигарро пурра несту нобуд кард. Яке аз оилаҳои зарардидае, ки 17 нафар дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд, аз хонаашон пурра маҳрум гардида, бо кӯмаку дастгирии мақомоти маҳаллию мардум айни замон дар масҷиди маҳалла истиқомат доранд.

Тибқи маълумоти фаврии манбаъҳои муътамади сомона, танҳо дар шаҳри Ваҳдат 17 тан фавтида ба қайд гирифта шудааст ва кофтукови 5 нафар бедаракшудагон идома дорад.

Ҳоло шумораи ҳалокшудагон аз ин офати табиӣ ба 21 нафар расид. Дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар, дар ноҳияи Рӯдакӣ 2 нафар ва дар Варзоб 2 кас ба ҳалокат расиданд. Дар робита ба ин мусибат, ҳамон рӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД