Эллисон Мишел Феликс, давандаи амрикоӣ ба масофаи кӯтоҳ (100, 200 ва 400 метр), яке аз варзишгарони муваффақи олам ба ҳисоб меравад. Ӯ дар варзиши сабук серҷоизатарин варзишгарзан дар таърихи Бозиҳои олимпӣ ва Чемпионати ҷаҳон мебошад.
Феликс қаҳрамони ҳафткаратаи олимпӣ ва 14-каратаи ҷаҳон буда, ягона зан маҳсуб меёбад, ки дар варзиши сабуки миёни занон 7 медали тилои олимпиро ба даст овардааст.
Соли 2019 Феликс аз рӯи шумораи ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук (13 медали тило) аз Усэйн Болт (11 медали тило) пеш гузашт ва дар ин намуди мусобиқаҳо серҷоизатарин варзишгар шуд.