1xbet
Серфарзандӣ хуб аст, агар...
248

Салом ба аҳли Oila.tj! Ман модари 7 фаразанд: се духтару чор писар ҳастам. Қаблан ҷонибдори серфарзандӣ будам ва ҳоло баъди гузаштани солҳо ва дар остонаи 70 қарор доштанам низ аз ин фикри худ намегардам, зеро агар атрофат пур аз бача бошаду наберагонат сари пирӣ гирдат парвона шаванд, магар бад аст?

Ҳарчанд ман ҳам мисли дигар модарон азоби калон кардани онҳоро кашидаам, аммо аз ҳаёти худ норозӣ нестам. Натиҷаи шабу рӯз заҳмат кашидани ману шавҳарам (Худо раҳматаш кунад) ин аст, ки ҳоло ман давлати пирӣ ронда истодаам. Ҳамаи фарзандонам як хел нестанд, вале шукри онҳоро мекунам. Ду писарам коргари давлат ва ду нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар вақти зарурат ба ҳамдигар кумак мекунанд. Духтарҳо танҳо як кенҷагиаш монд, ки ҳоло дар донишгоҳ мехонад.

Ман аз он, ки серфаразанд ҳастам, норозӣ нестам. Муҳим теъдоди фарзанд не, муҳим ки фарзанд солеҳ бошад.

Бо эҳтиром, Солеҳа МАВСУМОВА, н. Рудакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД