Маҳсулоти лозима:
4 дона себи калон, 200 гр фалла (творог) 1 қошуқ асал, 1 мушт чормағз, дорчин (корица).
Тарзи таҳия:
Бо истифодаи корд ва қошуқча дилаи себро ҷудо карда гиред. Чормағзро майда карда, бо фалла, асал ва чормағзи реза омезиш диҳед. Агар хоҳиш дошта бошед, ба он мавиз ҳам илова кунед. Фаллаи чормағзу асалдорро ба даруни себҳо пур карда, аз болояш дорчин пошед ва дар ҳарорати 180 дараҷаи тафдон муддати ним соат пазед.