Sebiston new 2024 october
Себқанд
1140

 Маҳсулоти лозима: 300 г шакар, 100 мл об, 1 лимӯ, 6 себи сабз, 6 чӯбча, 2-3 қатра моддаи рангкунандаи сурх (красный краситель).

Тарзи таҳия: Себҳоро шуста бо сачоқ хушконед, то ки ягон қатраи об боқӣ намонад, вагарна “глазур” ба он намечаспад. Чӯбчаҳоро ба думчаи себҳо халонед.

Дар даруни зарфи чуқур шакару обро андохта, дар оташи паст муддати 15 дақиқа ҷӯшонед. Сипас ба он шарбати лимӯ ва рангро илова карда, 10 дақиқа ҷӯшонед.

Оташро хомӯш карда, қандобро хунук кунонед. Себҳоро дар қандоб тар карда, себқандҳоро ба болои табақ гузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД