Дар замони муосир фурӯши доруворӣ ба як нав бизнеси сердаромад табдил ёфтааст, зеро ҳамарӯза садҳо нафар одамон барои табобати ин ё он бемории худ, фарзандон ва надиконашон барои хариди дорӯвор ба дорухонаҳо медароянд, ҳол он ки бисёр касалиҳоро бо кӯмаки меваю сабзавот пешгирӣ намудан мумкин аст.
Имрӯз мо ба шумо дар бораи ду меваи маъмулӣ маълумот медиҳем, ки ба организми инсон фоидаи зиёде доранд.
Себ-сарчашмаи антиоксидантҳо
Тоҷикистони ҷаннатосои мо амсоли боғи биҳишт меваҳои фаровон дорад ва маъмултаринаш себ мебошад. Ҳар дафъа ба бозор даромада, чашми кас бо дидани навъҳои гуногуни себ барқ мезанад ва шояд фаровонии ин меваи хуштамъ боис мегардад, ки мо чандон ба он аҳамият намедиҳем, ҳол он ки себ як хазинаи бебаҳои саломатист.
Дар таркиби себ витаминҳо ва антиоксидантҳое мавҷуданд, ки барои кори бонизоми шуш ва дил фоида доранд. Олимон исбот намудаанд, ки себ ҷараёни пиршавии мағзи сарро суст гардонда аромӯшхотириро пешгирӣ мекунад. Ҳар рӯз як дона себ хӯрдан кофист, ки кас худро солиму бардам эҳсос намуда, табъаш болида гардад.
Шумо метавонед дар баробари шуста хӯрдани себ ин меваи биҳиштиро ба хӯришҳои гуногун илова намоед. Хӯрдани компот ва мураббои себӣ дар фасли зимистон ба кас энержии тоза мебахшанд. Хушк кардани себ аз манфиат холӣ нест, зеро дар фасли зимистон шумо метавонед аз ин хушкмева барои аҳли оилаатон нӯшобаи пур аз витамин омада намоед, ки барои пешгирии шамолхӯрӣ ва бемориҳои зимистона фоида дорад.
Нок-манбаъи оҳан
Дар таркиби нок витамини С ва оҳан фаровон буда, онро табибон баъзан шӯхиомез “меваи оҳанин” меноманд. Танҳо як дона нок хӯрдан кофист, ки талаботи шабонарӯзии ҷисми инсонро ба оҳан таъмин намояд. Барои шахсоне, ки ҳамеша ҷавону зебо мондан мехоҳанд, нок беҳтарин ёрдамчӣ аст. Табиат ба дӯсторони нок мӯйҳои зебои ҷилонок ато менамояд, бар замми ин, ин меваи хуштамъ фишори хунро ба низом дароварда, бар зиддӣ шамолхӯрӣ ва аллергия мубориза мебарад.
Шумо метавонед ноки мулоиму хушмаззаро шуста, нӯши ҷон созед ва ҳамзамон аз он мураббо, ҷем ва мармалод тайёр кунед. Ба мураббои аз нок тайёршуда ҷавҳари лимӯ илова намоед, боз ҳам хуштамъ ва муфидтар мешавад. Нокро ҳамчунин бо баъзе сабзавотҳо, аз ҷумла бо замбурӯғ ва гӯшт дар буғ пухтан мумкин аст.
Себ доруи дилу нок давои камхунӣ
Дар замони муосир фурӯши доруворӣ ба як нав бизнеси сердаромад табдил ёфтааст, зеро ҳамарӯза садҳо нафар одамон барои табобати ин ё он бемории худ, фарзандон ва надиконашон барои хариди дорӯвор ба дорухонаҳо медароянд, ҳол он ки бисёр касалиҳоро бо кӯмаки меваю сабзавот пешгирӣ намудан мумкин аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи ду меваи маъмулӣ маълумот медиҳем, ки ба организми инсон фоидаи зиёде доранд.