Се муҳоҷири тоҷик дар сӯхтор фавтиданд
Се узви як оилаи муҳоҷир дар шаҳри Истраи вилояти Маскав дар як сӯхтор фавтиданд.
Пайвандони фавтидагон ба рӯзи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки хонаи дуошёна оташ гирифтааст.
Дар натиҷаи он марди 38-сола бо ҳамсар ва духтари ҳафтсолааш ба ҳалокат расидаанд. Ҳанӯз маълум нест, сабаби сӯхтор чист. Мақомоти тафтишотӣ қазияро таҳқиқ доранд.
Ҷасади онҳоро ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳашон, шаҳри Панҷакент, дафн кардаанд.
Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд.