arzon replenishment
Се маслиҳати муҳим барои волидон
570

Аслан беназорат гузоштани кӯдакон дар хона мумкин нест, бахусус агар онҳо хеле хурдсол бошанд. Вале дар зиндагӣ ҳар гуна мушкилот пеш меояд ва баъзан лозим мешавад волидон ба кори муҳиме як муддат аз хона берун раванд. Дар ин гуна ҳолатҳо тифлони хурдсолро набояд танҳо дар хона гузошт.

Кӯдаконе, ки дар хона мемонанд, бояд синну солашон ба ҳадде бошад, ки гапро фаҳманд. Ҳатман кӯдаконро хабардор кунед, ки чанд муддат ва ба куҷо меравед. Маводҳои дорувор ва хатарнок аз қабили уксус, бензин, салярка, маводҳои кимиёвиро аз пеши назари онҳо дур кунед. Асбобҳои халандаву бурандаро аз чашми кӯдакон пинҳон кунед. Дару тирезаҳро пурра аз назар гузаронед, ки маҳкаманд ё не. Бахусус дари айвон (балкон - агар шумо дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунед) бояд пӯшидаву баста бошад.

ҚАДАМИ НАХУСТ: Пеш аз ҳама бояд боварӣ ҳосил намоед, ки писар ё духтари шумо метавонад танҳо дар хона бимонад ва аз чизе тарс надорад. Ҳатман пурсед, ки агар танҳо бошад, оё наметарсад? Ба кӯдак фаҳмонед, ки чаро бояд як муддат вай дар хона танҳо монад. Гӯед, ки ба куҷо меравед ва кай бармегардед. Агар дар чашмони фарзанди худ тарсро дидед ва ё ӯ гуфт, ки намехоҳад танҳо бошад, пас ҳатман бо ӯ бимонед ва ё кӯдакро бо худ баред. Равоншиносон мегӯянд, ҳар кӯдак ба таври хосе рушд мекунад, аз ин рӯ ҳаргиз гуфта намешавад, ки вай даҳсола ё дувоздаҳсола шудаасту метавонад дар хона танҳо бимонад. Баъзе кӯдаконе ҳастанд, ки онҳоро ҳатто дар 9-10-солагӣ метавон дар хона гузошт, вале кӯдаконе низ ҳастанд, ки дар 12-солагиашон ҳам намешавад бо боварӣ дар хона танҳо монд.

ҚАДАМИ ДУЮМ: Шумо бояд то кадом андоза мустақил будани фарзандатонро донед. Як силсила суолҳое ҳастанд, ки аз посухи фарзандатон ба онҳо шумо метавонед ба хулосае оед, ки оё мешавад ӯро дар хона танҳо гузошт ё на. Аз ҷумла ин суолҳо:

  • агар касе занги дарро пахш кард, чӣ бояд кард?
  • ба занги телефон чӣ гуна бояд посух дод? Чиро бояд гуфт ва чиро не?
  • аз таҷҳизоти барқӣ, бахусус электроплита ё микроволна чӣ гуна бояд истифода кард?
  • мумкин аст аз тирезаи боз ба берун нигоҳ кард?
  • агар қувваи барқ ногаҳон хомӯш шавад, чӣ бояд кард?
  • агар ногаҳон дар хона дуд мушоҳида шавад, чӣ бояд кард?
  • дари даромадро чӣ гуна бояд боз карду пӯшид?
  • бо падару модар чӣ гуна метавон дар алоқа шуд?
  • вақте волидон дар хона нестанд, дар ҳоли зарурат аз кӣ бояд ёрӣ пурсид?

Агар шумо дилпуред ва иҷозат медиҳед, ки дар набуданатон фарзандатон кӯча равад ва бо ҳамсолонаш бозӣ кунад, пас аввал посухи ӯро ба ин суолҳо донед ва агар ҷавобҳояш қаноатбахш набошанд, ӯро ислоҳ намоед:

  • ба лифт бо одамони ношинос савор шудан мумкин аст?
  • метавон дар пеши одами ношинос дари хонаи худро боз кард?
  • қоидаҳои гаштугузор дар кӯчаро медонад?

Аз посух ба ин суолҳо шумо метавонед ба фарзандатон бовар намоед ва ё дар мавриди танҳо гузоштани вай дар хона фикр кунед.

ҚАДАМИ САВУМ: Як қоидаи умумии дохилиро дар хонаи худ бояд муайян кунед, ки агар кӯдак дар хона танҳо монад, бояд ҳатман ин қоидаро риоя кунад. Корҳоеро, ки мумкин аст дар набудани шумо иҷро кард ва корҳоеро, ки набояд иҷро кунад, муайян намоед ва ҷиддан ба ӯ фаҳмонед, баъд имтиҳон кунед, ки оё дар ҳақиқат ба ёд гирифтааст ё не? Ин қоидаҳо тақрибан метавонанд аз инҳо иборат бошанд:

  • набояд дар набудани шумо вай ба хона дӯстон ва шиносҳояшро даъват кунад. Шахси ношиносро аслан бояд ба хона наорад;
  • дар набудани шумо аслан набояд дари хонаро барои шахсони ношинос боз кунад;
  • дар набудани шумо набояд аз як соат бештар телевизор тамошо кунад. Ин қоидаест, ки бояд ҳамарӯза риоя шавад, чӣ шумо бошед ва ё набошед;
  • ҳар соат ба падар ё модари худ занг занад, аз ҳоли худ дарак диҳад. Вақте занг зад, шумо ҳатман бипурсед, ки ба чӣ кор машғул аст. Оё супоришҳои шуморо иҷро кард ё на? Ин супоришҳо метавонанд гуногун бошанд. Аз ҷумла: - рафтан ба мағоза; - ба варзишгоҳ барои машқ; - хондани китоби муфид ё китобе, ки шумо барояш муайян кардаед; ҳалли масъалаҳои риёзӣ, ребусҳо ва кроссвордҳо, ки пеш аз баромадан аз хона ба ӯ супориш дода будед; - шустани зарфҳо;
  • ба тартиб овардаи ҷойи хоб ва ё ошхона ва ғ.ҳ.

Равоншиносон мегӯянд вақте кӯдакро дар хона танҳо мегузоред, барояш на як, балки чандин вазифа супоред. Коре бояд кард, ки дар танҳоӣ фурсати ба корҳои беҳуда саргарм шудан наёбад ва диққаташ ба иҷрои супоришҳои шумо бошад. Серталаб бошед, вақте аз берун баргаштед, аз фарзанди танҳомондаи худ иҷрои супоришҳоятонро ҷиддан талаб кунед ва санҷед. Ин бори масъулияташро зиёд мекунад ва талош менамояд ҳатман кулли супоришҳоятонро иҷро кунад, то посух дода тавонад. Аз сӯи дигар ин амал ҳисси масъулиятшиносии фарзанди шуморо бештар мекунад.

ДОНИСТА БОШЕД: Ҷалби кӯдак ба хониш, ҳалли масъалаҳои риёзӣ ё ребусу кроссвордҳо барои рушди фикриву маънавии ӯ басо муҳиманд. ВАҚТЕ ФАРЗАНДИ ХУДРО ДАР ХОНА ТАНҲО МЕГУЗОРЕД, ХУДИ ШУМО БОЯД ЧӢ КОР КУНЕД?

Чун фарзанди шумо ба мактаб меравад, худро мустақил ҳис мекунад ва он рӯзе ҳам, ки ин кӯдакро метавон дар хона танҳо монд, ба зудӣ фаро мерасад. Падару модар ҳис мекунанд, ки вай ҳоло мехоҳад худаш мустақилона либосҳояшро утӣ занад, ғизо тайёр кунад, хонаи хобашро ба низом дарорад ва ба чанд кори дигари модараш ёрӣ расонад. Фарзанди шумо духтар бошад, талош мекунад ҳамеша худро паҳлуи модараш бинад, ба рафторҳои вай пайравӣ кунад. Волидони закӣ ба ин гуна майлу хоҳишҳои фарзанди худ муқовимат намекунад, аз мустақилияти ӯ истиқбол мекунанд, вале ҳастанд касоне, ки мегӯянд ҳоло вақти ба ин корҳо даст задани ӯ нарасидааст. Дар ҳама ҳолат калонсолон бояд талош кунанд, ки фарзандашон дар кӯчаву хона бехатар бошад.

Корҳое ҳастанд, ки бача дар ин синну сол бояд накунад, вале волидон ошкоро монеъ шаванд, ҳисси кунҷковии кӯдакро бештар бедор мекунанд. аз ин рӯ, мумкин набудани ин ё он корро бояд ҷиддан бо лаҳну шеваи ба дарку фаҳми кӯдак муносиб фаҳмонд. Бояд шумо фаҳмонед, анҷом додани ин кор ба он хотир мумкин нест, ки метавонад оқибати нохуб барои худи ӯ дошта бошад.

Пеш аз он ки кӯдакро дар хона танҳо мегузоред, бояд ҷиддан ҳар кунҷи хонаро бубинед ва ҳар ашёи халандаву бурандаро аз назари тифли худ пинҳон кунед. Агар дасти ӯ ба разеткаҳои барқ мерасад, пас бояд шумо онҳоро бо сарпӯшакҳои махсусе, ки ҳоло дар мағозаҳо фаровонанд, маҳкам кунед.

Барояш фаҳмонед, ки ба электроплита наздик нашавад, ба мӯхушкунак ва дигар асбобҳои барқӣ нарасад, чунки ин асбобҳо метавонанд расиши кутоҳе дошта бошанд ва ба ҳаёти вай хатарнок бошанд.

Пеши назари атфол нигоҳ доштани гӯгирд барин чизҳои отшадиҳанда қатъиян манъ аст! Бояд падару модар ба тифли худ фаҳмонанд, ки оташ ин бозича нест.

Кӯдаки шумо дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи ногаҳонӣ бояд тасаввурот дошта бошад. Бахусус дар бораи заминларза, ки маъмулан ногаҳонӣ рух медиҳад. Шумо бояд тавре инро фаҳмонед, ки вай натарасад ва барояш бигӯед, ки дар ин гуна ҳолатҳо чӣ бояд кунад. Аммо қабл аз ин худи шумо бояд дар ин бора маълумоти кофӣ дошта бошед.

Ба фарзанди хурдсоли худ фаҳмонед, ки агар шумо дар хона нестед, вай бояд ваннаро пури об накунад, зарфҳоро нашӯяд,зеро маъмулан кӯдакон бепарво ҳастанд ва метавонанд ҷумаки обро маҳкам накунанд. Ин ҳолат боис мешавад, ки хонаи шумо ва ҳамсояатон зери об монад. Гузашта аз ин фарзанди шумо метавонад осеб бинад, тарсад.

Бознашр аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД