arzon replenishment
Се қисми ҳаёти Абдураҳим
30.11.2024
ОИЛА.ТҶ
861

Абдураҳим Дадоҷонов шоумен, продюсер ва ровии муваффақ аст. Ҳарчанд ӯ хатмкардаи Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз бо ихтисоси мусиқишиносӣ ва таҳсилдидаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ихтисоси санъатшиносӣ бошад ҳам, дар ҳоли ҳозир бештар аз ҳама ҳамчун ровӣ шинохта шудааст. Ӯ маросимҳои хурсандиро бисёр самимиву хотирмон мегузаронад.

Дар Инстаграм зиёда аз 18 ҳазор обуначӣ дорад ва асосан, он ҷо пораҳои суханрониҳояшро аз баромадҳояш нашр мекунад.

Бо Абдураҳим суҳбати кӯтоҳ доштем ва ӯ ба мо нақл кард, ки пеш аз машҳур шудан ба чӣ корҳо машғул буду чӣ гуна зиндагӣ дошт.

- То имрӯз ҳаёти ман ба се қисм ҷудо мешавад: давраи мактабӣ, коллеҷ ва донишкада. Дар давраи мактабхонӣ вақти ман асосан бо машқҳои мусиқӣ ва варзиш мегузашт. Нозукиҳои асбоби мусиқии рубобро меомӯхтам ва дар баробари ин, бо 4 намуд варзиш машғул мешудам: волейбол, чавгон, гӯштин ва вазнбардорӣ. Ҳамеша дар чорабиниҳои фарҳангиву озмунҳо иштирок мекардам. Инчунин, дар корҳои хоҷагӣ ба падару модарам ёрӣ мерасондам.

Қисмати дуюми ҳаётам, ин таҳсил дар Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз мебошад, ки онро бо ихтисоси мусиқишиносӣ хатм намудам. Баъди дохил шудан ба коллеҷ каме зиндагии ман дигар шуд. Озод ва оҳиста-оҳиста мустақил шудам. Ҳангоми таҳсил дар коллеҷ барои пеш бурдани зиндагӣ ва барои таҷриба гирифтан дар якчанд соҳа фаъолият кардам. Аз ҷумла, дар мактаб, телевизион, сохтмон, типография, тиҷорат ва ҳар гуна ширкатҳо фаъолият кардам. Баъди ба телевизион ба ҳайси наттоқ ба кор даромаданам, каме дар шаҳри Хуҷанд шуҳрат пайдо кардам ва маро мешинохтанд. Дар ин росто, ба чорабиниву маҳфилҳо даъват мешудам.

Кӯч бастан ба пойтахт барои ман осон набуд. Дар оғоз каме мушкил буд зиндагиам, зеро ҳам таҳсил мекардам, ҳам кор. Дар радио ва телевизион таҷрибаомӯзӣ мекардам, ҳамчун омӯзгор фаъолият мебурдам ва инчунин, муддате пешхизмат ҳам будам.

Дар ин асно, худомӯзӣ мекардам ва худро ҳамчун наттоқ ва ровии чорабиниҳо омода менамудам. Тарси зиёд ва ба худ эътимод надоштанро бо мурури замон паси сар кардам ва ҳоло кӯшиш дорам қувва ва вақти худро барои амалҳои нек, пешбаранда ва амалишавии идеяҳо сарф намоям.

Ҳамчунин, Абдураҳим илова кард, ки ҳоло дар зиндагӣ шикояте надорад ва барои боз ҳам муваффақ шудан кӯшиш карда истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД