Arzon march 2024
Сайди булаҷаби моҳигирон олимонро ба ҳайрат овард
31.08.2023
Фирӯза
909

Моҳидорон дар баҳри Кариб моҳии азимеро шикор кардаанд, ки олимон аз диданаш дар ҳайрат афтиданд. Ин акулаи бузургҷусса ба навъи қадимтарини моҳиён дохил мешавад ва ба гуфти олимон қариб 500 сол умр дорад.


Ҳангоми шикор дар қаиқ ҳамроҳи моҳигирон Деванши Касана, аспиранткаи Донишгоҳи байналмилалии Флорида низ будааст.

Ин зани аз илм бохабар баробари дидани моҳии азимҷуссаи ба шасти моҳигирон афтида, пай мебарад, ки ин сайд моҳии маъмулӣ набуда, аз зоти акулаҳои нодири қадимӣ мебошад.

Шикорчиён низ иқрор мешаванд, ки солҳои зиёде ба шикори моҳӣ машғул бошанд ҳам, чунин моҳии мӯъҷизавиро дар умрашон бори аввал мебинанд. Касана зуд сайди булаҷабро сурат гирифта, аксашро ба устодаш равон мекунад.

Ҳамин тавр олимон ба омӯхтани сайд машғул шуданд ва маълум гашт, ки моҳидорон акулаи 500-солаеро шикор кардаанд, ки аз зоти ниҳоят нодири моҳиён мебошад.

Бо сабаби бениҳоят калон будани синну солаш чашмони акулаи азимҷусса қариб кӯр шуда, хуб намебинад ва эҳтимол бо ҳамин сабаб ба шасти моҳидорон, ки он рӯз хеле чуқур ба қаъри об партофта шуда буд, афтидааст.

Ин зоти моҳиёнро “Гренландская акула” меноманд. Ин навъи моҳиён умри бениҳоят дароз мебинанд. Азбаски онҳо дар қаъри баҳрҳо зиндагӣ мекунанд, қариб, ки ба шасти моҳидорон намеафтанд.


“Ман чуқур шаст партофтанро дӯст медорам, зеро дар қаъри баҳр мӯъҷизаҳое ҳастанд, ки мо дар умрамон надидаем”-гуфтааст Омар Фокс, моҳигире, ки акулаи 500 соларо шикор кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД