Баъди нуҳ моҳу нуҳ рӯз Савригул соҳиби духтарчаи дӯстрӯяке шуд, ки номашро Интизор монданд. Ҳамин тавр дари бахту шодӣ ба рӯи ин оилаи хушбахт боз гардид ва то сини чилу панҷсолагӣ Савригул паи ҳам панҷ фарзанд таваллуд кард. Чор духтару як писар.
Дер ҳам бошад, ин ҷавонзани сабур ба муроди дилаш расид. Ӯро дигар касе безурриёт гуфта, таъна карда наметавонист. Суҳроб баъди ҷудоӣ бо Савригул се маротибаи дигар хонадор шуд, вале аз ягон занаш фарзанд нашуд. Ҳамин тавр, ӯ бе бахту бе фарзанд пир шуда аз олам гузашт.
Бахти аз дастрафта
Савригул бо падари кӯдаконаш солҳои зиёд зиндагӣ карда, ба хотири бачаҳояш ӯро иззату ҳурмат мекард, вале рафта – рафта Исрофил аз рашк ба бемории руҳӣ гирифтор шуд. Бисёр вақт дар назараш чунин менамуд, ки дар бари занаш марди бегонае хоб аст.
Исрофили бемор Савригулро туҳмат карда, мегуфт ки ӯ бо шавҳари пештарааш мегардад. Ҳол он ки Суҳроб чанд сол пеш аз дунё гузашта, ба қавле устухонҳояш кайҳо пӯсида рафта буданд. Як рӯз Исрофилро бемориаш хурӯҷ намуду занашро се талоқ дода, аз дар берун шуд. Пас аз каме ҳушёр шудан, вай пушаймон шуд, вале Савригул дигар ӯро ба хона роҳ надод. Акнун онҳо ҷудо-ҷудо зиндагӣ мекарданд, вале Савригул ба фарзандонаш ҳар лаҳза таъкид мекард, ки аз ҳоли падарашон бохабар бошанд. Хӯрокҳои болаззат мепухту бо дасти фарзандонаш ба Исрофил мефиристод, либосҳои чиркин баъзан ба хоку қум олудаи собиқ шавҳарашро тоза шуста, дарзмол мекард ва ҷойҳои даридаи либосу пайпоқҳояшро дӯхтаву дарбеҳ карда, боз ба ӯ мефиристод.
Исрофил ба хонаи писари калониаш, ки дар пойтахт зиндагӣ мекард, меҳмонӣ рафт ва ба балкон сигоркашӣ баромаду сараш чарх зада, аз ошёнаи 7-ум афтида мурд. Ин хабари нохуш дарҳол ба гӯши Савригул расид. Ӯ аз фавти шавҳараш ғамгин шуда, ашк рехт ва ба писаронаш фармон дод, ки рафта ҷасади падарашонро ба хона оранд.
Савригул ҷисми ба хоку хун оғӯштаи падари фарзандонашро ба оғӯш кашида, нолаҳои зор кард, сипас сару рӯи ӯро аз хоку хун тоза карда, худаш манаҳашро баста ва ба рӯи кӯрпачаҳои тоза хобонд. Ин зани меҳрубон мурдаи шавҳарашро бо обрӯ ба хок супурда, қарзи ҳамсариашро адо кард ва тамоми маъракаҳои мотамиро гузаронд.
Баъд аз сари шавҳараш зиндагӣ барои Савригул мушкил гашт. Панҷ фарзанди ноболиғро хӯрондану пӯшондану хонондан кори саҳл набуд. Ӯ дар беморхонаи шаҳрчаи табибон бо фаррошӣ машғул буд, вақтҳои холигӣ бошад, дар кӯча офтобпарасту сақич мефурӯхт. Ҳамин тавр, бо меҳнати ҳалол панҷ фарзандро ба воя расонда, соҳиби маълумоти олӣ кард. Ҳоло фарзандонаш дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият мекунанд ва соҳиби хонаву дари ободанд.