Аз куҷо ва чӣ гуна бояд оғоз кард?
Имрӯзҳо муносибат ба пул, фаҳмиши молия бештар аҳамият пайдо мекунад. Махсусан, истифодаи дурусти пул ба як малакаи зарурӣ табдил ёфтааст. Ҳар қадар кӯдак аз хурдӣ бо асосҳои молиявӣ ошно шавад, ҳамон қадар дар зиндагии баъдӣ, худро озоду мустақил ҳис мекунад. Умуман, доштани саводи молиявӣ танҳо ҳисоб кардани пул нест. Инчунин, он ба нақша гирифтани хароҷот, арзёбии меҳнат ва қабули қарорҳои дуруст мебошад. Кӯдаконе, ки аз хурдӣ ин малакаҳоро меомӯзанд, дар оянда барои расидан ба ҳадафҳои худ омодатар мешаванд.
Аз чандсолагӣ оғоз кардан лозим аст?
Аз синни 3-4-сола. Кӯдак аллакай мафҳумҳои "бисёр" ва "кам"-ро мефаҳмад. Дар ин марҳила бозии «мағоза» хеле муфид аст: Кӯдак бозичаҳоро бо тангаҳои монанд ба бозича мехарад.
Аз синни 7–8 сола. Одатан дар ин синну сол кӯдакон дар ҷайби худ мегиранд. Беҳтарин вақт аст, то ба онҳо пасандоз, фарқи байни «лозим» ва «мехоҳам» ва банақшагирии хароҷотро омӯзонем. Чӣ гуна равандро шавқовар кардан мумкин аст? Бо бозиҳои шавқовар ва барномаҳои ҷолиб. Бозиҳои монанди «Cashflow for Kids» кӯдакро бо буҷет ва сармоягузорӣ ошно мекунанд. Барномаҳои мобилӣ, мисли PiggyBot ва Bankaroo имкон медиҳанд, ки кӯдак амалӣ пасандозу хароҷоташро пайгирӣ кунад.
Бо нақшбозӣ низ барои фаҳмиши молиявии кӯдак муфид аст. Масалан, «рӯзи бонкӣ» ташкил кунед. Барои корҳои хонагӣ кӯдак «музд» мегирад ва баъдан онро барои чизе сарф мекунад. Ҳамин тавр, мефаҳмад, ки пул аз меҳнат ба даст меояд. Ё амали дигар, ки агар хоҳед фарзандатон донотар шавад, ба ӯ бар ивази аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ё дарсҳои иловагӣ бо пул ҳавасманд кунед. Барояш хариди планшет ё он чӣ завқ дорад, ваъда диҳед. Яъне, ин ӯро дилгарм мекунад ва минбаъд донишомӯзӣ амали пайваста табдил меёбад.
Агар фарзан мехоҳад бозича ё китоб харад, ба ӯ кӯмак кунед, ки барои он пасандоз кунад.
Корт барои фарзанд - таҷрибаи муосир
Имрӯз бонкҳо кортҳои махсуси кӯдаконро пешниҳод мекунанд. Онҳо ба ҳисоби волидайн пайвастанд ва имкон медиҳанд, ки хароҷоти фарзанд тавассути барнома назорат шавад. Бо корт кӯдак бо пули рақамӣ ошно мешавад, банақшагирии буҷетро меомӯзад, барои хариди хурд: яхмос, чипта ба кино, китоб мустақилона пардохт мекунад.
Маслиҳат ба волидон
Якум, аз ҷайби худ пул диҳед ва баъдан аз кӯдак пурсед, ки чӣ гуна онро сарф кардааст.
Дуюм, дар банақшагирии буҷаи оила имкон диҳед, ки фарзандатон ҳузур дошта бошад. Масалан, ҳангоми хариди хона якҷо тасмим гиред.
Сеюм, дар вақти харид, нархҳоро муқоиса кунед. Тахфифҳоро ҷустуҷӯ намоед, то маблағи боқимонда хароҷотҳои дигарро пӯшонад.
Чорум, ба хайрхоҳӣ одат кунед. Кӯдак дар пайравӣ ба шумо метавонад як қисми хурди пулашро барои кумак ба дигарон ҷудо кунад.
Хулоса, саводнокии молиявӣ аз хурдӣ бо роҳи бозӣ ва таҷрибаи рӯзгор омӯзонда шавад. Ҳадаф аз кӯдак муҳосиб, яъне хазинадор сохтан нест. Ба ӯ эътимод, муносибату фаҳмиши дурусти пул, сарвати оила аст, то дар оянда мустақилона қарорҳои молиявӣ қабул карда тавонад. Вагарна, дороиву сарвати бо заҳмат ҷамъшудаи волидайн аз дасти фарзанди барбодкору бефаҳми молиявӣ бо панҷшоха барбод меравад.
Усмон РАҲИМЗОДА