Инак, моҳи шарифи Рамазон - моҳи раҳмату шафқат, эҳсону саховат, омурзиши гуноҳон ва иҷобати дуоҳо низ ба поён расид, аммо мову шумо имкон дорем бо хайру садақа кардан дар рӯзи Иди саиди Фитр боз ҳам савоби бештар ба даст оварем.
Шахсе, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитр як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фаризаро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Махсусан хайру эҳсон намудан ба ятимон, модарони танҳо, пиронсолон, беморон ва оилаҳои камбизоат савоби зиёде дорад.
Садақа кардан сабаби кушоиши ризқ гашта, Худованд ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дун1ё ба садақакунанда баракат ато мекунад. Худованд мефармояд: «Бигӯ: Ҳамоно Парвардигори ман ризқро фаровон медиҳад, барои ҳар касе, ки аз бандагонаш бихоҳад ва танг мекунад. Ва ҳар он чизеро, ки нафақа мекунед, пас Худованд онро бармегардонад. Ва ӯ беҳтарин ризқдиҳандагон аст» (Сураи «Сабаъ», ояти 39). Яъне ивази онро беҳтар аз он дар ҳамин дунё медиҳад. Садақа кардан на танҳо молро кам намекунад, балки онро афзун месозад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳаргиз амвол аз садақа кардан кам намешаванд» (Ривояти Муслим). Боз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Се чиз аст, ки ман ба он қасам ёд мекунам ва ба шумо сухане мегӯям, онро ҳифз намоед: Ҳаргиз моли банда аз садақа кардан кам намешавад. Ҳељ бандае зулм карда намешавад, пас сабр меварзад дар он зулм, магар ин ки Худованд иззаташро афзун мегардонад. Ҳеҷ бандае дари талбандагиро накушодааст, магар ин ки Худованд барояш дари камбағалиро боз мекунад» (Ривояти Тирмизӣ).
Бояд мо ҳаргиз чунин гумон накунем, ки моли садақакардаамон талаф шудааст, балки бояд яқин дошта бошем, ки он боқист ва афзоиш меёбад, вале он молеро, ки дар даст дорем, ин аст, ки зоеъ мегардад.
Ҳазрати Оиша (р) ривоят мекунад, ки боре онҳо гӯсфандеро куштанд, пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид: «Чизе аз он боқӣ монд?» Ҳазрати Оиша(р) гуфт: Чизе намонд, ҷуз китфаш. Он ҳазрат фармуд: «Ҳамааш боқӣ монд, ҷуз китфаш» (Ривояти Тирмизӣ). Яъне вақте онҳо ҳамаи гӯсфандро садақа карданд ва китфашро барои худ монданд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт, ҳамаи он барои охирати мо боқӣ монд, аммо китфаш, ки барои худ монданд, гӯё боқӣ намондааст. Ӯ барои умматони худ дарс медиҳад, ки танҳо ҳамон моле боқӣ мемонад, ки онро барои охират сарф мекунанд ва он чизеро, ки садақа намекунанд, ба зудӣ аз дасти онҳо меравад.
Садақа накардан сабаби гум шудани мол аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар субҳе, ки бандагон бармехезанд, ду малоика садо мекунанд. Яке мегӯяд: Худоё, ҳар ки садақа кунад, барояш онро баргардон. Дигаре мегӯяд: Худоё, он касеро, ки садақа намекунад, молашро зоеъ кун» (Ривояти Муттафақ).
Аз ин хотир бояд аз моли беҳтарин садақа намои, на аз моли пасту бесифат. Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, нафақа кунед аз хушиҳои он чӣ касб мекунед ва аз он чӣ бароятон аз замин баровардаем. Ва шумо қасди додани чизи вайронро накунед, ки худ онро қабул надоред, магар ин ки чашмонатонро бипӯшонед. Ва дониста бошед, ки Худованд ғанӣ ва ҳамид аст» (Сураи «Бақара», ояти 267). Худованд амр мекунад, то аз молҳои хуб садақа намоем ва аз садақа кардани моли паст манъ мекунад. Ӯ мегӯяд: «Он гуна, ки худатон намехоҳед, бароятон чизи бад диҳанд, пас худ низ чунин чизро ба дигарон надиҳед. Чӣ гуна шумо барои мардум розӣ мешавед он чизеро, ки барои худ розӣ нестед?». Баъди ин Худованд хабар медиҳад, ки Ӯ муҳтоҷи садақаҳои шумо нест ва вақте шуморо амр ба садақа мекунад, барои фоидаи худи шумо амр мекунад. Пас барои худатон чизи беҳтареро бидиҳед. Худованд мефармояд: «Шумо ҳаргиз ба ҷаннат намерасед, то ин ки сарф накунед аз он чӣ дӯст медоред» (Сураи «Оли Имрон», ояти 92). Яъне шумо ҳаргиз соҳиби эҳсон, тақво ва мартабаҳои олии ҷаннат намегардед, магар вақте ки маҳбубтарин моли худро сарф намоед. Вақте ин оят нозил шуд, саҳобагон шитоб карданд ва беҳтарин молҳои худро садақа намуданд, то ба Худованд наздиктар шаванд. Абӯталҳаи Ансорӣ (р) боғи худро, ки хеле дӯст медошт, садақа намуд ва ҳазрати Умар (р) канизаке дошт, ки мавриди писанди ӯ буд, озод намуд ва гуфт: Худованд мефармояд: «Шумо ҳаргиз ба ҷаннат намерасед, то ин ки сарф накунед аз он чӣ дӯст медоред» (Сураи «Оли Имрон», ояти 92).
Ҳамоно ки Худованд накўкоронро дўст медорад ва садақакунандагонро мукофот медиҳад.
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.