gazprom august 2025
Беваи ҳафт дар (ҚИСМИ 1)
1646

Интизори марги хушдоман

Ман дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон ба дунё омадааму то синфи нӯҳум байни чор кӯҳ ба воя расида дар мактаби деҳаамон таҳсил мекардам. Падарамро дер-дер медидам, зеро он кас дар Душанбе кор мекарданду моҳе як ё ду бор ба аёдати мо фарзандонаш ва бибии пирамон меомад. Падарам писари ягонаи волидонаш буд, вале дар деҳа наметавонист аз рӯйи касби интихобнамудааш кор ёбад. Аз ин рӯ модарамро пеши волидонаш монда худаш дар шаҳр кор мекард, дар шаҳр хона ҳам доштем, аммо бибиям ҳеҷ аз деҳааш дил канда наметавонист. Апаи калониям ба донишгоҳ дохил шуда ба шаҳр назди падарам рафт, ману додаракам, ки аз ман як сол хурд буд, Худо мегуфтем тезтар калон шавему ба шаҳр равем. Модарам дар пинҳонӣ ҳамеша бибиямро дуои бад мекард: “Ҳамин миҷморуқ мемурд халос мешудем. Як умр ба умеди мурдани ӯ аз шавҳарам дур зиндагӣ мекунам…” Оқибат дарахти армони модарам «гул» карду бибиям дар синни навадсолагӣ ҷон ба ҷаббор супурд, мо маъракаҳои ӯро гузаронида хонаамонро зери назорати ҳамсоя монда ба шаҳр кӯчидем...

Дар шаҳр

Хонаи мо дар бинои баландошёнае буд, падарам рӯзи дароз дар кор буд, модарам бошад ба қавли худаш даруни чор девор зиқ шуда берун мебаромаду бо занони ҳамсоя чақ-чақу гап-гап…

Мо низ «кайф ин ҷо будааст» гӯён бо писарону духтарони ҳамсинну соли худамон шухию бозӣ карда менишасем. Зиндагии мо хеле оддӣ буд, дар як ҳафта як бор хӯроки гӯштдор мехӯрдем, як ошёна поён аз мо оилае зиндагӣ мекард, ки хеле сарватманд буданд. Марди хонадон дар як вазорати бонуфуз кор мекарду хонаи панҷҳуҷрагияшон чунон таъмире дошт, ки аз тамошояш сер намешудӣ, ҷиҳозаш бошад мисли ҷиҳози хонаҳое буд, ки дар кинофилмҳо нишон медоданд. Ин зану шавҳар ду писар доштанд, зани хондон аз рӯзҳои аввали омадан бо модарам дугона шуду аз саховаташон баҳра мебурдем.

Зани ҳамсоя чунон хоксор буд, ки ифтихоре аз бадавлатти ҳамсари худ намекарду содда низ буд. Модари ман аз содагии дугонааш истифода бурда, ҳафтаҳо хӯрок намепухт, зеро дар холаи Сабзагул хешовандони зиёде дошту онҳо бонавбат омада (албатта бо гирифтани маблағи муайян) корҳояшро карда мерафтанд. Писарони ин хонавода Саид ва Ориф низ мисли модарашон содда буданд, Саид ҳамсинфи ман буду Ориф бошад аз мо як синф поён мехонд. Ман ба ҳардуи онҳо дӯстӣ доштаму аз ҳисоби эшон ба сайругашти шаҳр рафта чизе ки дилам хоҳад харида мехӯрдам, хоса Саид ба ман хеле меҳрубон буду чизе хоҳам мӯҳайё мекард…

Ишқи аввалу нақшаи модарам…

Саид сарватманду пулдор ва бачаи ситорагарм бошад ҳам ягон духтари синфамон ба вай аҳмият намедод, зеро хонда ва навишта наметавонист. Ман ки духтари аълохон будам ба вай ёрӣ медодам, оҳиста-оҳиста меҳнати ман самар оварду Саид кам-кам навишта ва хонда мешудагӣ шуд…

Ин ҳама холаи Сабзагулро хурдасанд мекарду бароям тӯҳфаҳои гуногун мехарид. Ин зани содда бо ҳайрат мегуфт:

- Фозилаҷон писарони ман дар беҳтарин мактабҳои пойтахт хонда чизеро ёд нагирифтанд. Падараш аз қаҳр онҳоро боз ба мактаби оддӣ овард, аммо ту тавонистӣ Саиди маро аълохон кунӣ…

Ман дар дил ба ҳоли ин зани гаранг механдидам:

- Наход фарзандат дар синфи даҳу ёздаҳ хондану навиштанро ба зур ёд гирифта аълохон бошад?!

Аммо чашми модарамро хонаву дари зебо, ду ҳавлии дакаданги канори шаҳр, бӯстонсаро, мағозаҳои либосу мошинҳои дакаданги хусурам хира карда буданду ҳамеша дар гӯши ман мехонд, ки як бало карда дили Саиди галуро ёфта бо вай хонадор шавам…

- Оча ман хондан мехоҳам, ана апаамро бин хонда дар бонк кор мекунад, ман зуд шавҳар кунам?! – мегуфтам.

- Духтарам апаат ба умеди бонк шуда умраш ба домони сӣ дакка занад ҳам то ҳол касе пойгаҳи дарамонро барои хостгорӣ зер накардааст. Ту шавҳар мекунӣ, баъд мехонӣ тамом! – қатъӣ посух медод модарам.

(Давом дорад)

ФОЗИЛА

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД