arzon replenishment
САРВАЗИР ПАРВОЗҲОИ ҲАВОИРО ДУБОРА ИҶОЗАТ ДОД
1735

“Аз 1-уми июли соли равон анҷоми парвозҳо ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иҷозат дода шаванд, - зикр шудааст дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19. Тибқи қарори Ситод мусофирон бояд ҳатман пеш аз парвоз маълумотномаи тиббӣ гиранд.

Ҳамчунин, Агентии авиатсияи гражданӣ дар ин ҷаласа аз ҷониби Сарвазири кишвар вазифадор шудааст, ки масъалаи ташкили парвозҳоро ба самти Федератсияи Русия, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ таклифу хулосаҳои худро пешниҳод намояд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин шуда, Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” дар робита бо эълон шудани ҳолкати фавқуллодаи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар пайи паҳншавии сирояти коронавирус, ҳамзамон дар асоси супориши Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии кишвар аз сирояти ин вирус қарор қабул намуда буд, ки дар моҳи феврали соли 2020 муваққатан иҷрои хатсайрҳоро дар самти Душанбе-Урумчи-Душанбе қатъ намояд.

Инчунин, директори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода бо пешниҳоди як барқияи фаврӣ ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ ва хориҷӣ дастур дод, ки аз 20-уми марти соли 2020 парвозҳо ба Тоҷикистон муваққатан манъ карда шавад.

Дар ин барқияи фаврӣ навишта шуда буд, ки “Бо мақсади пешгирии эҳтимолияти паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки иҷроиши парвозҳое, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешуд, аз 20 марти соли 2020 муваққатан манъ карда шавад”.

Пештар ба саволи муҳоҷирон дар бораи замони кушода шудани парвозҳо мақомоти расмии Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ гуфта буданд, ки то охири моҳи июн парвозҳои доимӣ шуруъ намешавад ва баъд аз он боз маслиҳат мекунанд, ки парвозҳоро чӣ гуна ва кай ба роҳ мемонанд.

Тавре зикр кардем, Тоҷикистон аз нимаи дуюми моҳи март бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус ҳамаи парвозҳои байналмилалиро қатъ карда буд, ки бо ин сабаб садҳо шаҳрвандони кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонда буданд. Ҳукумати кишвар тавонист қисме аз онҳоро бо парвозҳои махсус ба Тоҷикистон оранд. Дар ин самт парвозҳои махсусу чартерӣ ва чораҳо дигар ҳанӯз идома доранд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД