Arzon march 2024
Сарвари давлат Осорхона ва нимпайкараи Ғафуровро кушоданд
461

Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар хабарномаи хадамоти матбуоти президент омадааст, ки осорхонаи ҷумҳуриявӣ аз 18 гӯшаи алоҳида иборат буда, нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуровро фаро мегиранд.

Дар осорхона гӯшаҳое, чун “Даврони наврасӣ, таҳсил ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров”, “Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров корманди комсомол ва рӯзноманигор”, “Мероси мактуб: мукотиботи Бобоҷон Ғафуров” ва дигар бахшҳо ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин як гӯшаи осорхона ба китоби “Тоҷикон” бахшида шудааст. Дар ин гӯша асосан намунаи асбобу олоти гуногуни қадимӣ, намунаи ашёву ҳунарҳои мардумӣ, деворнигораҳои Панҷакенти қадим, ки дар китоби “Тоҷикон” бо таҳқиқи дақиқи академик ҳамчун далели раднопазири таърихи куҳани миллати тоҷик дарҷ ёфтаанд,  ҷой дода шудаанд.

Дар маҷмуъ, осорхона аз се бахш — “Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров”, “Таблиғоти мероси академик” ва “Китобхонаи электронӣ” иборат мебошад.

Дар Осорхонаи ҷумҳуриявӣ ҳамчунин сару либос, мизу курсии корӣ, расмҳои гуногун аз фаъолияти кориву рӯзгори академик ҷойгир буда, дар ин баробар нусхаи мукофоту ҷоизаҳои ӯ дар гӯшаҳои алоҳида гузошта шудаанд. Пас аз навсозиву таъмир ифтитоҳ гардидани ин иншоот, бешубҳа, ба тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ намудани  нигораҳои  ҷамъовардашуда ва рушди таҳқиқу омӯзиши бештари рӯзгори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидати амиқ менамояд.

Пас аз шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрии Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров соядаст гузоштанд.

Бояд гуфт, ки Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров соли 1998 дар арафаи 90-солагии академик кушода шудааст. Лоиҳаи аввалини бунёди он соли 1986 бо ташаббуси Комитети Ҳизби Коммунистии ноҳияи Ленинобод ба миён омада буд. Соли 1989 аввалин «Хона - музеи академик Бобоҷон Ғафуров» бо кор оғоз намуд.

Аз нахустин рӯзҳои фаъолият осорхона ба маркази маърифат ва боргоҳи илми таъриху кишваршиносии кишвар табдил ёфтааст. Аз соли 2015 нашрияи даврии осорхона рӯзномаи «Ёднома» таълиф гардида ба сокинони ноҳия барои мутолиа тақсим карда мешавад.

Шуруъ аз моҳи майи соли ҷорӣ дар осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров корҳои таъмиру бозсозӣ оғоз шуд. Ин кор ба муносибати 115-солагии аллома бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ шуд.

Муқаддам Ҳошимзода, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров зимни суҳбат бо мо гуфт, ки осорхона аз 25-уми апрели соли 1998 фаъолият мекунад ва имсол баъди оғози корҳои таъмиру азнавсозӣ ҳудуди он бори аввал муайян карда шуд. Он дар умум аз 5 гектар иборат аст.

Ҳошимзода гуфт, пеш аз ҳама, китобхонаи электронӣ бунёд шуд, ки ғайр аз шуъбаи кадрҳову дигар самтҳо, инчунин се шуъбаи ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ марбутбуда, ба монанди шуъбаи ҷамъоварӣ, шуъбаи ташвиқот ва шуъбаи муҷаҳҳазгардонӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Ин иқдом барои боз ҳам бештар дастрасӣ пайдо кардани аудитория ба осору пайкори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидат мекунад.

“Дигар қадами ҷадид дар осорхона таъсиси маҷаллаи илмӣ бо номи “Паёми Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров” мебошад. Маҷалла инъикосгари мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотии муаррихону ғафуровшиносони саросари кишвар аст, ки дар шаш моҳ як маротиба нашр мешавад”, - гуфт мавсуф.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД