Нозияи Кароматуллоҳ, овозхони маъруф, ин навбат саршӯён сароид.
Ин таронаро ӯ дар тарабхонаи “Яккачинор” дар як маросими тӯй хондааст. Суруди мазкур дар ютуб-канали сароянда нашр шуд ва то кунун онро беш аз 40 ҳазор бор тамошо кардаанд.
Нозия қаблан ҳам сурудҳои тӯёна сароида буд, зеро ӯ ҳамроҳи бародараш Муҳаммадрафии Кароматулло пайваста дар маъракаҳои хурсандии мардум ширкат мекунанд.