shoh palace
Сароянда Мадинаи Саидзод коронавирус шуд ё бронхопневмания?
2674

Мадинаи Саидзод, як тан овозхони шинохтаи тоҷик ҳафтаи равон ба бемории коронавирус гирифтор шуда, ба беморхона афтидааст.

Хабарнигори сомонаи "Оила" Рустам Азимӣ барои ҳақиқат доштани ин иттилоъ ба овозхон занг зад. Мадина ба коронавирус не, балки бронхопневмания гирифтор гаштанашро тасдиқ намуда, гуфт: "тахминан се ё чор рӯз пеш тасб кардам. Маззаро намефаҳмидам ва рафта - рафта аз пой афтидам, тарсидам, ки коронавирус шудаам. Маҷбур шудам, ки бачаи ширмакамро яктараф гузошта, ба беморхона равам. Духтурҳо баъди муоина маълум карданд, ки дучори бемории бронхопневмания шудаам. Агар сари вақт табобат нагирам ба коронавирус гирифтор мешавам. Аз сабаби дар беморхонаҳо ҷой набудан, тавсия доданд, ки дар хона ба табобати ҷиддии худ машғул шавам. Тамоми дорухатҳои навиштаашонро харидам. Баъди истеъмоли дору ва гузоштани сузандоруҳо саломатиам рӯ ба беҳбудӣ овард. Иштиҳоям пайдо шуд. Тасбам ҳам гум шуд ва табларза маро тарк кард. Ҳоло ҳам духтурон ба хонаам омада мераванд ва хоҳиш карданд, ки идомаи табобатро дар хона давом диҳам. Ҳоло ки дар хона ҳастам, ба ҷуз тамошои телевизор ва намозу рӯза дигар коре надорам. Ба кули мардуми  шарифи Тоҷикистон гуфтаниям, ки коронвирусро ҷиддӣ бигиред, зеро беаҳмиятӣ нисбат ба он сабаби хуруҷи бештари ин беморӣ мешавад"-гуфт сароянда дар поёни сӯҳбат.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД