Журналисте, ки ситораи санъат шуд
Имрӯз яке аз ҳунармандони маъруф ва машҳури тоҷик, ҷавонмарди сар то по ҳунар Зиёвиддини Нурзод ҷашни милод дорад... Зиёвиддини Нурзод аз зумраи он инсонҳои ангуштшуморест, ки дар васфашон мегӯянд: “Панҷ панҷааш ҳунар аст!” Дар ҳақиқат Худованд ба ин ҷавонмарди лоғарандом эҳсони бузурге намуда, барояш чандин ҳунарҳои зебо ва мондагорро ато намудааст.
Зиёвиддин дар ҷомеа ҳамчун журналисти хуб, шоири ширинбаён, оҳангсози хушсалиқа ва овозхони машҳур кайҳо шинохта шудааст, вале кам одамон медонанд, ки барои расидан ба ин ҳама қуллаҳои баланд Зиёвиддини Нурзод чи мушкилиҳоро дар зиндагӣ паси сар намудаву чи дардҳо кашидааст.
Аз ҳамин хотир дар рӯзи ҷашни милодаш мо қарор додем бори дигар китоби зиндагии ин эҷодкори асилро варақгардон намоем.
Муаллим шуд, ки қасос гирад, вале...
Зиёвиддини Нурзод 25-уми январи соли 1975 дар ноҳияи Айнӣ дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вай аз кӯдаки орзу дошт, ки роҳи падарро идома дода, мисли падараш муаллим шавад. Пешаи омӯзгориро интихоб карданаш як сабаби дигар низ дошт, Зиёвиддин дар дилаш аз як устодаш алам дошт ва мехост муаллим шуда, қасдашро аз набераҳои он муаллим бигирад.
“Мехостам дар оянда омӯзгор шаваму қасдамро аз набераҳои устод гирам, бинобар ин, ҳуҷҷатҳоямро ба риштаи омӯзгорӣ супоридам,”- қисса кардааст худи сароянда дар як сӯҳбаташ бо журналистон.
Ҳамин тавр пас аз хатми мактаби миёна Зиёвиддин ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, онро бомуввафақият хатм намуд ва ҳатто муддати ду сол дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №35-и пойтахт ҳамчун муаллим фаъолият намуд, вале баъдан тақдир ӯро ба роҳи дигар бурд...
Ишқи сухан
Зиёвиддин аз овони кӯдакӣ ба шеъру сухан меҳру муҳаббати беандоза дошт ва ҳамин муҳаббат ӯро ба олами журналистика овард. Замоне дар ҳафтаномаи “Муҳаббат ва оила” кор карда, дарди дили садҳо занону духтарони дар чорсӯйи зиндагӣ яккаву танҳо мондаро рӯйи коғаз овард, баъдан ба радиои “Садои Душанбе”гузашта, дар як муддати кӯтоҳ бо барномаҳои ҷолибу шавқовараш ба ситораи дурахшони ин шабакаи радиоӣ табдил ёфт.
Азбаски Зиёвиддин дар барномаҳояш бештар аз ишқу муҳаббат ва мушкилоти мардуми оддӣ мегуфт, ба зудӣ азизи дили ҳазорон- ҳазор шунавандагони радио гашт. Ҳамарӯза даҳҳо нафар ба “Хонаи радио” меомаданд, то Зиёвиддини Нурзодро аз наздик бубинанд, вале...
Чорасозон дар илоҷи дарди худ бечораанд
Зиёвиддин тариқи барномаҳояш мушкили садҳо одамони афтодаю дармондаро ҳал мекард, аммо худаш дар зиндагӣ садҳо мушкил дошт ва касе набуд, ки дасташро бигирад.
Солҳои зиёде дар иҷорахонаҳо умр ба сар бурда, азобу ранҷи бехонагӣ ва бори нози соҳибхонаҳоро кашид, баъдан сахт мариз шуда, кам монда буд ин дунёро падруд бигӯяд, вале ӯ ин ҳама мушкилиҳоро мардона пушти сар намуда, ҳаргиз пеши касе гардан хам намекард ва аз касе мадад намехост. Ягона такягоҳаш худованад буд... Мухлиси Садриддин буд,
вале худ ситораи саҳна шуд
Зиёвиддини Нурзод мухлиси ашаддии ҳунарманди булбуловоз Садриддини Наҷмиддин буд ва мехост дар бораи ӯ китобе нависад, вале ҳамин меҳру муҳаббат ба як ҳунарманд худи ӯро ба олами санъат бурда, ситора кард. Суруди аввалинашро шӯхиомез сабт карда буд ва бовар надошт, ки касеро хуш меояд, аммо садои дардолудааш ба дили садҳо нафар асар карда, мухлисони худро пайдо намуд.
Ҳамин тавр бо тавсияи дӯстонаш Зиёвиддин аз паси сайқал додани маҳорати сарояндагиаш шуд ва дар муддати начадон тӯлонӣ номаш дар радифи машҳуртарин сарояндагони эстрадаи тоҷик қарор гирифта, ҳазорон-ҳазор мухлис пайдо кард...
Санъат ба Зиёвиддин ном ва нон дод, вале...
Санъат ба Зиёвиддини Нурзод ҳам ном дод, ҳам нон. Ӯ тавонист туфайли ҳунараш соҳиби хонаву мошинҳои қиматбаҳо ва зиндагии ободу шоиста гардад, вале ҳамоно аз сухан дил накарда, шеъру тарона эҷод мекунад ва чанд китоби ашъораш низ ба дасти чоп расидааст.