Қазову қадар барояш ҳусн доду овоз. Ин буд, ки тавъами ҳарду дар намодаш сухангӯеро падид овард. Рафт ба ин пайроҳа, агарчи дар оғоз намехост, вале баъд дӯсташ дошт. Акнун ӯ ба кулли мардуми Тоҷикистон фарову оғози боз як субҳу рӯзи навро ба хайр мегӯяд бо барномаи саҳаргоҳии “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” тариқи Телевизиони Тоҷикистон.
Ӯро Гулдаста ном ниҳоданд. Ин дар яке аз рӯзҳои сарди дайфасл буд. Валодаташ иттифоқ афтод ба 30-юми январи соли 1999 дар деҳаи Меҳрвари ноҳияи ҳунарпарвару адабхези ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Фарзанди дуюм буду духтари ноздонаи аввали падар. Чун қиблагоҳ табиб буду ҳар субҳ бо хилъати сап-сафед мерафт пайи табобати ниёздорону дардмандон, ӯ ҳам мехост чунин рӯзгорро.
Кӯдакии беғаш рӯи ҳавлии падар мегузашту замоне расид, ки Гулдаста дар даст бояд пой мегузошт ба остонаи дабистон. Рӯзи 1-уми сентябри соли 2006 бо куртаи сафеду сарулибоси мактабӣ рафт ба остонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ба номи Мирзохон Раҳматов. Устодон хуш пазируфтандаш ва ӯ ҳам аз оғоз худро шогирди намунавӣ нишон дод.
Қобилияту истеъдодаш давоми таҳсил дар ноҳия овоза шуд ва ҳеҷ ҷамъомадро бидуни ҳузураш намедиданд. Ровии пешбари ҷамъомадҳои бузурги мактабу ноҳия буд. Ҳам месуруду ҳам шеър мегуфт ва ҳам бо калому ҳарфи мавзуни худ мафтун мекард ҷамъомадагонро.
Агарчи аксарият ҳадс мезаданд ӯ оянда ё рӯзноманигор мешавад ё табиб, вале ба фанҳои таъриху ҳуқуқ майл дошт. Мехост ҳомии тартиботу қонун бошад. Озмуну сабқатҳои зиёд мерафт ва ҳар дарси ин ду фанро интизор мешуд давоми ҳафта. Дар хона ҳам ба тасмимаш эҳтиром қоил буданду касе ба ҷодаи дигаре водораш намекард, ба истиснои ҳолате, ки чархи рӯзгорашро майли дигар доду сарнавишташро иваз кард.
Соли 2015 дар синфи 9 эълони баргузории озмуни “Овози тиллоӣ”-ро дар “Баҳористон” дид ва азм кард, ки худро санҷад. Шеър интихоб карду оҳанг ва рафт паси баландгӯяку рӯ ба рӯи ҳунармандони ҳирфаӣ қарор гирифт. Чанд мисраъ сароид ва эҳсос кард, ки хастагӣ падид омад рӯйи овозаш. Вақте поён овард сурудхониро, ҳамин нукта ишора шуд ва тавсияаш доданд, ки соли оянда боз ояду ин дафъа хубтару беҳтар машқ кунад. Бо ҳамин аз азмаш даст кашид.
Вақте номаи камолро ба даст гирифт дар соли 2017, рафт ба назди қабулкунандаи ҳуҷҷатҳо дар Маркази миллии тестӣ ва дар радифи дигар ихтисосҳо рӯзноманигориро ҳам ишора кард. Тадбири тақдир буда, ки хости дилаш шуд.
Садорати факулта ӯву чанд ҳамсабақи дигарашро барои сабти барномае фиристоданд ба Боғи Парчами давлатӣ. Шеърхонӣ дар васфи ливо буду минбар Телевизиони Тоҷикистони овозадор. Омаду шеър хонду шеър хонд бо тамоми эҳсос ва шеър сабаб шуду ба ин даргоҳ роҳ ёфт.
Бо гузашти 3 рӯз ба ӯ занг зада, пешниҳоди кор доданд ва пазируфт. Акнун соли 6-умро дар ин боргоҳи барояш муқаддас мегузаронад. Гоҳ аз тандурустӣ мегӯяду гоҳ аз зебоӣ ва гоҳҳои дигар дар боби дигар мавзуҳо сужаву бахш месозад. Телевизион барояш ному нон дод, агарчи он замон донишҷӯи соли аввал буду на назарияро медонист ва на дар амалия собиқа дошт, вале истеъдод коргар шуд.
Гулдаста Муминова ҳоло муҳарриру наттоқи Идораи барномаҳои субҳи Телевизиони Тоҷикистон аст. Ӯ талош дорад рӯзноманигори номдор ва чеҳраи арзандаи ҷомеа бошад.