Кордсозӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, солҳост, ки аҷдодони мо ин пешаро рушд медиҳанд.
Таърихи пайдоиши ин ҳунар ба кашфи маъдани оҳан сахт алоқаманд буда, одамон пеш аз ин ба ҷои корд аз сангҳои гуногуни нӯгтез истифода мебурданд.
Аз қадим корд, шамшеру ханҷар ва ашёҳои нӯгтези фулузиро оҳангарону кордсозон омода мекарданд. Имрӯзҳо низ ин навъи ҳунар дар ҳоли рушд буда, ҳунармандон бо пешниҳоди беҳтарин кордҳои рӯзгориву армуғонӣ таваҷҷӯҳи харидорони дохиливу хориҷро ҷалб намудаанд.
Ин навбат мо барои хонандагони азизи сомонаи Оила.тч аз дастоварду комёбиҳои яке аз кордсозони ҷавону муваффақи тоҷик қисса мекунем, ки тавассути ҳунараш сайри олам кардааст.
Ихтиёр Мирзоев зодаи шаҳри Истаравшан мебошад. Ин ҷавон ҳамагӣ 28-сол дошта, қариб 15 сол боз бо ҳунари кордсозӣ шуғл меварзад. Қаҳрамони мо ин касби қадимаро аз падараш Иброҳим Мирзоев омӯхтааст. Кордгарӣ ба оилаи Мирзоевҳо аз пушт ба пушт мерос монда, Ихтиёр яке аз давомдиҳандагони инпешаи аҷдодист.
"Ёдам ҳаст, хеле хурд будам, ки падарам ману бародарамро барои омӯхтани ҳунари кордсозӣ наздашон мебурданд. Мо бо диққат нигоҳ карда асрори ин пешаро аз худ мекардем.
Ҳанӯз 13-сол доштам, ки мустақилона корди рӯзгор омода кардам. Бо мурури замон, тарзи омода кардани корду шамшер ва ханҷарҳои армуғониро низ аз худ кардам. Ба қавле ҳафт пушти мо ҳунармад гузаштаанду мо низ ҳунари қадимаи мардумиро дар куҳаншаҳри Истаравшан рушд медиҳем,"-мегӯяд Ихтиёр Мирзоев.
Қаҳрамони мо афзуд, ки мехоҳад мисли Озари Истаравшанӣ (оҳангар ва кордсози маъруф, ки шаҳрванди ифтихории императори Рум буд) ҳунари кордсозии миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
Аз кордҳои рӯзгорӣ то армуғонӣ
Ихтиёр Мирзоев кордҳои гуногун месозад. Ханҷарҳои сохтааш низ бо тарҳу намуди қадимиву муосир офарида шуда, бо санъати баланди кандакорӣ оро дода шудаанд. Мавсуф қариб се сол мешавад, ки барои ороиши ғилофу дастаҳои кордҳои армуғонӣ аз бронза, латун, нуқра ва мис истифода мебарад.
"Ҳунармандон аз қадим барои зебову хуштарҳ баромадани маҳсулоти худ онро бо санъати баланди тоҷикона оро медоданд. Дар ороиш устоҳо бештар мису латун ва нуқраро истифода мебурданд. Мо низ имрӯзҳо ин усули қадимаро дар ҳунарамон истифода бурда истодаем. Ҳамзамон барои зебову диққатҷалбкунанда баромадани кордҳои армуғонӣ дастаҳои онро ба шакли ҳайвоноти гуногун ба мисли мору моҳӣ, шеру асп ва ғайра оро медиҳем. Дар рӯйи кордҳои армуғонӣ расми гулу паранда ва оҳуву шерро тасвир мекунем. Ин ба кордҳои армуғонӣ зеб мебахшад,"-таъкид дошт ҳамсӯҳбати мо.
Ихтиёр Мирзоев танҳо бо кордсозӣ иктифо накарда, балки ҳунарҳои заргарӣ, мисгарӣ, наққошӣ ва кандакориро низ аз худ кардааст ва имрӯзҳо дар сохтани кордҳои гуногун васеъ истифода мебарад. Назар ба гуфти худаш, ӯ мехоҳад бо тарҳи миллӣ омода кардани ғилофҳои чармину латтагинро омӯзаду ба занҳои хонавода низ омӯзонад.
"Ҳунар ҳам нон доду ҳам ном"
Ихтиёр Мирзоев иброз дошт, ки ҳунари кордсозӣ барояш ҳам нон додаасту ҳам ном. Маҳз тавассути ҳунараш вай сайри кишварҳои ҷаҳон намуда, ҳунари миллии кордсозиро муаррифӣ намудааст. Қаҳрамони мо мехоҳад забонҳои хориҷиро беҳтар аз худ намояд, то дар фестивалҳои ҷаҳонӣ ҳарчӣ бештар ҳунари аҷдодиашро нишон диҳад.
Тавре ҳамсӯҳбати мо шарҳ дод.
"Имрӯз ҳунармандон бояд дар баробари дар соҳаи худ моҳир будан забонҳои хориҷиро низ хуб донанд. Сол то сол ба маҳсулоти дастӣ ниёзи мардум афзуда фестивал-озмунҳои байналхалқӣ зиёд мешаванд. Агар ҳунарманд забонҳои хориҷиро донаду худаш ҳунарашро муаррифӣ намояд, нуран алонур мешавад."
Ихтиёр Мирзое имрӯзҳо дар баробари ба кордсозӣ машғул шудан ҳамзамон дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба ҳунаромӯзон дарс медиҳад. Мо гурӯҳи эҷодии сомонаи Оила.тч ба корҳои минбаъдаи Ихтиёр барор мехоҳем.
Абдуғаффор Шодиев