Sebiston new 2024 october
Сарнавишти модари тифли дар осмон ба дунё омада
2447


Хабари дар дохили тайёра таваллуд кардани як зани тоҷик чанд рӯз боз дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад. Тавлиди тифли навзод дар осмон, дар баландии 7 ҳазор метр хеле аҷиб ба назар расида, бисёриҳо мепурсанд, ки чаро ин зани ҳомила дар ҳоле, ки дарди зодан дошт, нотарсида азми парвоз намудааст. Аз ҳамин хотир мо қарор додем дафтари зиндагии ин занро варақ занем.

       Модари Оишаро депорт карданду....
Маълум мешавад, ки модари Оиша-тифлаки дар ҳавопаймо ба дунё омадаро аз Русия ихроҷ карда будаанд ва зан аз ночорӣ маҷбур шудааст, ки ба ҳомиладориаш нигоҳ накарда, чиптаи ҳавопаймо харида Ватан баргардад. Тавре, ки Фарангис Азиззода, навбатдори нуқтаи тибби Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд гуфт:
-Ба нуктаи шӯъбаи тиббии фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд аз ҳавопаймо хабар доданд, ки духтурон дар ҳолати омодабош қарор гиранд, зеро дар тайёра як зани ҳомила бо нишонаҳои таваллуд нишаста, эҳтимолияти тавлид карданаш дар дохили тайёра вуҷуд дорад.

Ҳамин тавр мо итттилоъ ёфтем, ки дар хатсайри Маскав-Хуҷанд, ки аз фурудгоҳи Жуковский парвоз карда буд, зани ҳомила қарор дорад, ки аз Федератсияи Россия депортатсия ё худ ихроҷ крада шудааст ва ин зан маҷбур шудааст, ки новобаста аз ҳомиладориаш ба Ватан баргардад. Дарди таваллуд дар дохили ҳавопаймо пурзур гашта, зан ба экипаж хабар медиҳад. Хушбахтона дар ҳавопаймо духтурон низ будаанд ва барои тавлиди бехатар ба зан кумак карданд.

-Зане, ки дар ҳавопаймо таваллуд кард, кӣ ва аз кадом ноҳия аст?
-Ин зан сокини Чоркуҳи Исфара буда, Маҳлиёхон Абдумаҷидова ном дорад ва 26 сола буда, модари 3 фарзанд аст. Аниқтараш ҳангоми нишастани ин зан ба тайёра ду фарзандаш ҳамроҳаш буданд ва тифли сеюмашро дар ҳавопаймо ба дунё овард.

Кӯдак як соат пеш аз нишастани тайёра тавдил шуд
Фарангис Азиззода мегӯяд, ин тифлак як соат пеш аз фуруд омадани тайёра ба дунё омадааст ва хушбахтона ҳолати модару духтарча айни замон хуб аст.
Пас аз фуруд омадани тайёра гурӯҳи духтурони нуктаи тиббии Фурудгохи байналмиллалии Хуҷанд вазъи зан ва тифли навзодашро аз назар гузаронда, тариқи нақлиёти махсусии ёрии таъҷилӣ ба наздиктарин таваллудхона интиқол додаанд. Онҳо мегӯянд, вазъи саломатии модар ва тифли навзод хуб буда, ягон ориза ва ё нуқсон дар ин ду тан ба назар намерасид.

          Кӯдак қариб 3 кг вазн дошт
Духтарчаеро, ки ҳавопаймо таваллуд шуд, Ойиша ном ниҳодаанд. Сабоҳат Самеева, мудири шӯъбаи таваллуд дар Беморхонаи шаҳри Бустон, гуфтааст баъди ба шуъбаи таваллуд овардани навзод вазнаш 2 килову 700 гарм ва қадаш 47 см буд.

Духтарча соати 11-50 дақиқа дар дохили ҳавопаймо таваллуд шуда, соати 13-20 ба таваллудхонаи шаҳри Бустон интиқол гаштааст. Баъди се рӯз онҳоро ҷавоб доданд ва ҳоло модару навзод дар деҳаи Чоркуҳи шаҳри Исфара дар зодгоҳи худ зиндагӣ доранд.

Тавлиди тифл дар ҳавопаймо санаи 29-уми декабри соли 2022-юм ба қайд гирифта шудааст. Тайёра дар фурудгоҳи Жуковский 219 нафар мусофиронро қабул карда буд, аммо Фурудгоҳи Хуҷанд 220 нафарро қабул намуд, зеро Ойиша дар баландии 7 ҳазор метр ба дунё омад ва шумораи мусофири дохили тайёра ба як нафар зиёд гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД