arzon replenishment
Сарнавишти Кабуд-девона (қисми 2)
10.10.2021
ЛОЛА
2301

                     Девонаи оқил

Падарам хеле ҷавон оламро падруд гуфтанд ва медидам, ки баробари мо Кабуд месӯзад. Ӯ чунон бо алам мегирист, ки ман ғамҳои худро фаромӯш карда, дарҳол барояш дастархон меандохтаму хӯрокаш меовардам. Солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ буду ӯ умуман ба хӯрок даст намебурд, шояд гумон мекард, ки ҳаққи ятимонро мехӯрад. Баъд мо Баҳманро ба кор меандохтем ва танҳо ҳамроҳи Баҳман, ки он солҳо синфи шаш буд, хӯрок мехӯрд.

Баъд аз марги падарам ӯ харобу лоғар шуд, Баҳман мегуфт, ки ҳар рӯз сари гӯри падарам меравад. Пас аз марги падараму бобою бибиям номардиҳои тағоҳоямро дида, модарам андешаманд мегуфт, рӯйи Кабуд сиёҳ, вай девона не, ғайбдон аст, ӯ аз ман беҳтар бародарони маро медонистааст. Акнун додаронам ба ҷойи падарам ба Кабуди акнун ба мӯяш сафедиҳо дамида дӯст буданд, ӯ ба як узви хонадони мо табдил ёфта буд. Агар як рӯз наояд, модарам дар ташвиш мешуд, ки ин девонаи Худо куҷо шуд. Баъдҳо ман муқими пойтахт шудаму ҳар гоҳе ба хабаргирии пайвандонам равам, барояш савғотие мебурдам, аз қабили куртаву ҷӯроб. Боре барояш як куртаи зебои мардона, атр ва собун бурдаму ӯ бо ханда гуфт:

-Гулгулон як галстук ҳам меовардӣ, дигар ману Камолчаи раиси ҷамоата фарқ карда намешуд.

Баъдтар фаҳмидам, ки ӯ ҳамон куртаро ба як муаллими камбағал тӯҳфа намудааст, баъдҳо ҷелаку ҷомааш мебурдам. Як рӯз ӯ аз ман хоҳиши аҷибе кард…

Дар омади гап ба модарам гуфтам, ки шавҳарам ба Эрон меравад ва Кабуд инро шунида гуфт:

-Ба наҳтутит (ягонаву талбида) бигӯ, ки барои ман як Қуръон биёрад, фаромӯш накунӣ,- модарам ба ҷойи ман гуфт:-О ту Қуръона чӣ мефаҳмӣ?

Кабуд хандаи талхе карда гуфт:

-Акаи дузди ту, ки ҳоҷӣ шуд, ман Қуръона мефаҳмам. Баҳман, ки дар наздикиҳо буд, аз ин ҷавоби Кабуд хандиду гуфт:

- Бобо агар хоҳӣ, ҳоҷият мекунам, қасам ана…

Кабуд ин дафъа гуфт, баъди тағои ту Худо Каъбаро набандад шуд…

Чун шавҳарам Кабудро борҳо дида буд, барояш аз Эрон Қуръони зебое тӯҳфа овард, ки боиси ифтихораш буд. Додаронам мегуфтанд, ки ӯ ҳатто дар назди имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳия гуфтааст, ки домодам барои ман аз Эрон Қуръон тӯҳфа овардааст, ҳамин ки мурдам, ҷанозаамро бехато хон, Қуръон ҳаққи ҳалолат.

                      Марги Кабуд

Баъдҳо Кабуд пир шуд, чашмонаш ҳам хира шуданд ва аз хона кам мебаромад. Додаронам хонаҳои кӯҳнаашро афтонда, барояш ду хонаҳаки оддӣ сохта доданд, хӯрокашро ҳаққу ҳамсоя ва бисёртар хоҳарам Сайёра, ки дар ҳамсоягияш мезист, таъмин мекард. Ду сол пеш ӯ аз олам гузашт, пеш аз маргаш ба додарам гуфтааст, ки хонаву заминамро ба яке аз писарони Юсуф деҳ. Юсуф як марди фақири ҳамдеҳаамон буд, ки дар Русия зери девор монду даҳ фарзандаш бесаробон монд, ин мард гоҳ-гоҳ аз Русия ба Кабуд маблағ мефиристодааст. Модарам мегӯяд, ки рӯзи марги Кабуд аҳли деҳа мегиристанд, гӯри ӯ дар бари гӯри падарам аст. Санги сари гӯрашро додаронам монданд, шавҳарам маслиҳат дод, ки рӯйи санги гӯраш ин байтро ҳакокӣ кунанд:

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад.

Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад.

Борҳо мехостам дар бораи Кабуд ва тақдири талхаш қиссаяке нависам, вале корро боз ба қафо мепартофтам. Вале як чиз ба ин кор такконам дод…

     Ин тобистон ба хабаргирии модарам рафтам, писари додарам, ки чор сол дорад, ӯро маҷбур мекард, ки «ата байд бгу», яъне суруд хон. Додарам як-ду бор “ман ҳофизам барои ту” гуфту дид, ки намешавад як дубайтӣ хонд:

                   Ай дургӣ нигоҳ мекнм болора.

                   Нусратмоҳи ҷун, духтари муллора.

                   Ҳарчанд кардем ӯра надоданд мора,

                   Худо бгира инсофакой муллора…

Зани додарам, аз ин сурудхонии шавҳараш завқ кард, лекин чашмони ману модарам ғарқи об шуданд. Ба ёди як нафар инсоне, ки то дами ахир номи дӯстдораш дар забон аз олам гузашт…

Имрӯз хонаи Кабуд, ба қавли падари ҷавонмаргам Кабудшоҳ, ба гуфти модарам девонаи Худо обод аст, Ҷалол писари Юсуфи ҳамдеҳаамон хонаҳои зебое сохта, чароғи хонаи ӯро равшан медорад. Ҳар гоҳе ба зиёрати гӯри падар равам, санги сари гӯри Кабудро ҳам сила карда, зери лаб мегӯям “ором бихоб, эй оқилтарин инсон, қаҳрамони қиссаҳои кӯдакии ман. Ту он қадар ба падари ман муҳаббат доштӣ, ки ба додарам гуфтаӣ, ки дасти ману домонат маро дар бари Саидназар гӯрон ва додарам охирин васиятҳои туро иҷро кард”.

То ҳозир гумон мекунам, ки ӯ девона набуд, худро ба девонагӣ мезад, зеро андешаҳое дошт зебо, зарофате дошт ширин…

                                                                                          

                                                                          

      

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД