Arzon march 2024
Сарнавишти Кабуд-девона
4273

 

Девонаи найнавоз

Ин марди қоматбаланди чашмкабудро, ҳама Кабуд-девона мегуфтанд, намедонам номаш Кабуд буд ё ба хотири чашмони кабудаш. Ӯ қаҳрамони даврони кӯдакии ман аст, ҳар гоҳе қиссаҳои кӯдакиямро ба ёд биёрам, аввал симои ӯ пеши назар меояд. Зеро зуд-зуд ба хонаамон меҳмон мешуд, қиблагоҳи накӯкорам ба ӯ мисли як меҳмони азиз муносибат мекард. Меҳмон ба модарам он қадар хуш наояд ҳам, аз тарси падарам чизе намегуфт, ӯ як одат дошт, ҳамеша тағоҳоямро танқид мекард. Ман панҷ тағо доштам, онҳо бо тақозои касбҳои ба дӯш доштаашон дар ноҳияҳои гуногун зиндагӣ мекарданд, аммо як тағоям дар деҳа бо бибию бобои модариям зиндагӣ мекард, ки Кабуд ӯро зиёд бад медид. Албатта бародаронашро танқид кардани як девона ба модарам намефорид ва ба Кабуд рӯйи хуш намедод, ман сӯҳбатҳои Кабудро бо падарам дида, гумон мекардам, ки ӯ ҳушёр аст ва худашро ба девонагӣ мезанад. Дар хонаамон ӯ косаву табақу пиёлаву чойник ва қошуқу дастпоки алоҳида дошт, ҳамин ки бо падарам сари дастархон менишаст, мегуфт:

-Апаи қиёматӣ, боз ба ман дар косаи акаи дуздат (тағоям мудири фермаи колхоз буд ва Кабуд ӯро дузд ном мебурд, вақте мудири фермаи мурғпарварӣ шуд, лақабашро тағир дода, рӯбоҳаш мегуфт) хӯрок накашӣ, дар косаи худам каш!

Падарам механдиду модарам абрӯвони сиёҳи зебояш гиреҳ барои Кабуд хӯрок меовард ва бо хандаи талх мегуфт, “дар чашмҳои кабудт сияҳбод, моли падарат бо акаи ман нотақсим карда мондааст?” Чун шиками Кабуд сер мешуд, ӯ наяшро аз ҷайбаш бароварда, чунон зебо менавохт, ки… ё бо овози марғуладор суруди дӯстдоштаашро месароид:

                 Ай дургӣ нигоҳ мекнм болора,

                   Кокули дуқушаи Нусратмора.

                   Нусратмои ҷун усма накаш қошора,

                  Бе усмаву бе сурма ту куштӣ мора…

          

                           Саволи беҷавоби Кабуд

Кабуд аз падару модарам ҷавонтар буду онҳоро апаву акаи қиёматӣ ном мебурд, модарам ӯро девонаи Худо мегуфту падарам Кабудшоҳ. Оҳиста-оҳиста мо қад кашида калон шудем, акнун ман барои Кабуд хӯрок мебурдаму баъзан бо супориши падарам либосҳояшро мешӯстам. Падарамро зиёд дӯст медоштам ва ҳар касеро, ки ӯ дӯст дорад, ман ҳам дӯст медоштам. Кабуд ба ману додарам Баҳман меҳри хоса дошт ва Гулгулонам ном мебурд, хоҳарам Сайёра ва додари дигарам Баҳромро аҷинаи таги мазор ва тағомундоқ меномид ва мегуфт, ки ба тағоҳоятон рафтагӣ ҳастед. Баҳроми орому хушлафз механдиду чизе намегуфт, аммо Сайёра ягон бор пиёлаи чойнӯшидагии Кабудро намешуст ва онро ба сӯйи ман ҳаво дода, “пиёлаи тағоиҷонта худат шӯ” мегуфту боз омадани Кабудро бинад, зери лаб сад бор дуои бадаш мекард. Чанд бор аз Кабуд пурсидам, ки тағоӣ Нусратмоҳ кисту чаро барои вай суруд мехонед? Аммо ӯ саволамро беҷавоб мемонд ё мегуфт, аз модарат пурс, вай хабари таҳти дунёро медонад. Чун аз модарам мепурсидам, вай даст афшонда мегуфт:

-Ман дигар кор надорам-а? Хабар нақл карда мегардам, туву падарат бовар кунед ба афсонаҳои девонаи Худо. Аммо ин мушкили маро аммам, ки дар ҳамсоягиамон мезисту Кабуд ӯро бисёр ҳурмат мекард, осон намуд. Накӯкориву эҳсон дар хуни авлоди падариям зиёдтар ҷорӣ буд, аммаи кампирам, ки худаш доим бемор буд, дар ҳар иду айём барои Кабуд ҷомаи беқасабу тоқии чоргул медухт. Кабуд дастони аммаамро бӯсида мегирист ва пиччирос мезад, “охӣ ту дугонаи очамӣ...”

    

                         Кабуди бетақдир

Шавҳари аммаамро дар кӯҳистон тарма бурда будаасту ӯ як духтару як писарашро худаш танҳо калон карда, хонадор намуда буд. Бисёр кампири тозаву озодаву ҳунарманд буд ва қисмати Кабудро як шоми сарди зимистонӣ бароям қисса намуд…

Кабуд аз кӯдакӣ солим будааст, номи аслии ӯ Неъматулло бошад ҳам, ба хотири чашмони кабудаш мардум кабудаш лақаб доданд. Вақте сесола мешавад, модараш ҳангоми таваллуди фарзанди дуввумаш аз олам мегузарад, ҳам худаш ва ҳам кӯдакаш. Падари Кабуд, ки худ сағираи бесоҳиб будаасту занаш ҳам, ба хотири пеш-пеши пойи модарандар накардани писари ягонааш дигар зан нагирифта, писарашро ба воя мерасонад. Мард оброни колхоз будааст, Кабуд дар мактаб бо баҳои аъло мехондааст ва ҳамаи умеди падараш ҳам ба писари ягонааш, аммо..

Ҳангоми синфи даҳ хонданаш Кабуд ба духтараке бо номи Нусратмоҳ ошиқ мешавад. Нусратмоҳ духтари муллои қишлоқ будааст ва бародарони духтар аз ин воқеа хабар ёфта, Кабудро зери мушту лагат мегиранд. Ҷавон чил рӯз беҳушу ёд мемонад, дар ин муддат аҳли деҳа бо хонаводаи мулло моҷаро мебардоранду ӯ кӯчу борашро бардошта, аз деҳа меравад. Ҷавон ба худ меояд, захмҳояш шифо меёбанд, аммо ақлаш халалдор мешавад. Бечора падар аз ғами писари ягонааш бемор шуда, оламро падруд мегӯяд ва Кабуд дар як канори деҳа дар кулбаи фатароти падарӣ танҳо мемонад ва ба номаш номи дигар зам мешавад-девона. Аммам қиссаи Кабудро нақл мекарду мегирист, мегуфт, ки модари Кабуд дар хонаи амак зери шаттаву шалоқи зани амак ба воя расида, дугонаи ҷамолакияш буд. Падараш бошад, умуман хешу табор надошт, Кабуд ба хонаи хешони модарияш умуман намерафт, ҷойи омаданаш хонаи мо, хонаи аммаам ва як лақайи ҳамсояамон буд. Муллоҳоро чашми дидан надошт ва одамонро аз рӯйи амалҳояшон баҳо медод...идомааш фардо соати 15:00

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД