Журналист, ровӣ ва собиқ саркоргардони радиои "Тоҷикистон” Хайрулло Иброҳимов чанд лаҳза қабл ин дунёро падруд гуфт.
Хайрулло Иброҳимов, ба гуфтаи ҳамкасбашон Дилбар Исматова, қариб 30 сол (то соли 2008) дар радио ба ҳайси саркоргардон фаъолият дошт.
Аз соли 2008 вақте шабакаи “Фарҳанг” кушода шуд, ин шахсияти нотакрор, сармуҳарири он таъин шуда, бо сабти 9 - ҷилдаи "Шоҳнома”-и Абдулқосим Фирдавсӣ шумораи шунавандагонро бештар гардонид. Бар замми ин, асарҳои шоирони классикро бо садои худ ва дигар ровиëни маъруф сабт карда, ба шунаванда пешниҳод мекард. Пас аз ба нафақа баромадан, духтараш Нигинаи Хайрулло идомадиҳандаи касби падар гашт. Хизматҳои шоёни марҳум буд, ки радиои "Фарҳанг" мактаби фарҳангии аҳли эҷод гашт.
Имсол аз 90 сол пур мешавад. Хайруллои Иброҳим дар рӯзи байналмиллалии радио аз бемории сактаи қалб аз ҳаёт рафт. Ҷанозаи ровӣ имрӯз дар н. Рӯдакӣ баргузор мегардад!