Медонам, ки сари луч намоз хондани занҳо раво нест, вале дар мавриди мардон дар ин бора чизе намегӯянд. Мехоҳам донам, ки мард метавонад сари луч намоз хонад ё не?
Алиҷон, ш. Норак.
Посух
Барои мард аз зери ноф то зери зонуи худро пӯшонидан фарз аст, агар аз ин миқдор ба андозаи чоряки он намудор шавад, намоз дуруст намешавад. Сари бараҳна намоз гузоридан макруҳ аст. Намоз бояд бо одоби комил хонда шавад.