Formula novemver 2024
Саргузашти талхи Бобои Файз (Қисми 3)
2520

Дарақ-дарақ ларзидани ӯро дида, дили ҷавони палакбон, ки зоҳиран аз ӯ ҳамагӣ 2-3 сол калонтар менамуд, каме нарм шуд ва бо оҳанги дӯстона гуфт:

-Ҳмм, ба фикрам ту ҳам мисли худам бесоҳибӣ. Аз рангу рӯйи кандагият маълум, ки чанд рӯз боз ҳеҷ чиз нахӯрдаӣ. Бародар, ман ҳам аз мастӣ ба ин ҷо наомадаам. Сағераам, палаки дигаронро бонӣ карда, бо ҳамин роҳ рӯзамро мегузаронам.

Ин гапҳоро шунида ба тани Файзиддин ҷон даромад.

-Маро ҳамроҳ намегирӣ?-илтиҷоомез пурсид вай аз палакбон.

-Рафтем, аввал шикаматро сер кун, баъд маслиҳат мекунем,–ҷавон дасташро бародарвор ба китфи Файзиддин ниҳод ва гӯё ошнои деринааш бошад, шӯхикунон Файзиддинро бо худ ба хайма бурд.

 Ҷӯраҳои ҳамтақдир

Шаб маслиҳатро бо соҳиби замин пазонданд ва Файзиддин ҳамроҳи дӯсти наваш Сорбон палакбон шуд. Азбаски ғунуҷини ҳосили полез қариб ба охир расида буд, соҳиби замин ба онҳо маслиҳат дод, ки дар вақти ғунучини пахта ёрдам карда, аз ин ҳисоб низ барои худ ризқу рӯзӣ ёбанд. Сорбон ниҳоят бачаи ҷиддӣ буд, Файзиддин бошад баръакс бисёр шӯху базлагӯй, вай ҳамеша ягон суруди ҳаҷвиро зери лаб зам-зама карда, ғами дилашро бо ҳамин роҳ мебаровард. “Медонам, ки овози ширин дорӣ, лекин ҷӯраҷон як чизро дониста бош, ки то мењнат накунї, ишкамат бӯйи нон намегирад”,- Файзиддинро насиҳат карда мегуфт Сорбон. “Худо, агар диҳад, намепурсад, ки ту сағераи кистӣ. Ягон рӯз мешунавӣ, ки ҷӯраат ҳофизи номдор шудааст, ана баъд фахр мекунӣ, ки як замон ман бо ҳамин одам дӯсти ҷонӣ будам”,- ҳазл мекард Файзиддин, бехабар аз он ки фариштаҳои даргузар ба ин дуои ятим омин мегӯянду баъди солҳо ҳофизи номдор мешавад...

Ҳила”-и Файзиддин

Колхоз аз рӯйи килои пахтаи чидаашон ба онҳо маблағи ночизе медод. Як саҳар Файзиддин ба Сорбон рӯ оварда шӯхиомез гуфт:

-Ҷӯраҷон, биё ҳардуямон бригадирро боб кунем!

-Чӣ хел боб мекунем?-Ҳайрон шуд Сорбон.

-Пеш аз баркашидани пахта ту ба даруни ҷувол медароӣ, баъд ман онро ба сари хирман мебарам,-бо чашмони шӯхи оташбор нақшаашро ба дӯсташ фаҳмонд Файзиддин.

Сорбони сода розӣ шуда даруни халта даромаду Файзиддин онро ба хирман бурд. Бригадир дар қатори пахтаи дигарон пахтаи Файзиддинро низ баркашида, ҷуволро ба болои трактор ҳаво дод. Марде, ки дар болои трактор истода пахтаҳоро бод медод, даҳони ҷуволро накушода ба он шоха зад ва доду фиғони ҷонкоҳе аз он фалак печид. Як лаҳза ҳама дасту по хӯрда, чӣ кор карданашонро намедонистанд, баъзеҳо ҳатто гумон карданд, ки шояд дар ҷуволи пахта ҷин ё аҷина бошад, танҳо Файзиддин, ки асли гапро медонист, дарҳол ҷонҳавл рӯ ба гурез овард. Вақте ки Сорбонро бо пойи аз захми шоха хуншор аз даруни ҷувол бароварданд, аз ҷӯрааш ному нишон набуд. Бригадир ва колхозчиён хеле кофта бошанд ҳам, аз ӯ ягон ному нишон наёфтанд, гӯё замин якбора кафида Файзиддинро ба комаш фурӯ кашида буд...

Як чойник чойи кабуд

Файзиддин шабро дар чойхона рӯз карда, субҳ боз роњашро идома доданї буд, вале саргузашти талхашро шунида дили чойхоначї ба ҳоли ин ятимбача сӯхту пешниҳод намуд, ки ёрдамчии вай шавад. Акнун ӯ рӯз то бегоҳ барои меҳмонон чой дам карда, бо ҳазлу шӯхиҳои намакин хотири онҳоро шод мегардонд.

Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад...

Як рӯз рубоиҳои халқиро зери лаб замзама карда истода, чойники чойро ба мизоҷи навбатӣ мебурд, ки чашмаш ба Сорбон афтид. Ҷӯраашро дар болои кати чӯбин дида, аз тарс зуд роҳи гурезро пеш гирифт, вале Сорбон чаққонӣ карда аз банди дасташ дошт ва гӯё ягон чиз нашуда бошад, бародарвор ӯро ба оғӯш гирифта гуфт:

-Файзиддин, ман аз ту хафа нестам, чунки маро маҷбур ба даруни халта андохта набурда будӣ. Ману ту фақат шӯхӣ кардан мехостем, вале шӯхиамон балои ҷони ман гашт. Ҳамон рӯз баъди рафтани ту маро зада-зада аз колхоз пеш карданд. Аз ҳамон вақт инҷониб овораю сарсон гаштаам...

Шарти чойхоначӣ

Файзиддин зуд ба назди ҷӯрааш нону чой оварду ба қадри тавони худ зиёфат дод. Сорбон азобҳои тули чанд ҳафтаи охир кашидаашро нақл кард. Дили Файзиддин ба ҳоли ҷӯрааш сӯхта, як миқдор пули дар давраи дар колхоз кор карданаш захира намудаашро ба ӯ дод, то ки ба худаш либос харад, баъд Сорбонро ба назди чойхоначӣ бурда, хоҳиш кард, ки ӯро низ ба кор гирад. “Майлаш мегирам, вале ба шарте, ки танҳо кору бори чойхона нею корҳои хонаамро ба сомон расонед”,- дар назди онҳо шарт гузошт чойхоначӣ. Ҷӯраҳо бо ҷону дил розӣ шуданд, вале..

Туҳмат

Онҳо рӯзона дар чойхона ба мизоҷон хизмат карда, бегоҳ ба хонаи чойхоначӣ рафта, то нимаи шаб бо ҳезумшиканӣ ва дигар кору бори мардонаи ин хонадон машғул мешуданд. Дар байни чанд моҳ ин ду ҷавони меҳнатӣ ҳавлии нимвайронаи чойхоначиро ба гулистони ҳақиқӣ табдил дода, ободу зебо гардониданд, вале бахти ятимон боз омада накард. Чойхоначӣ духтари қадрас дошту ҳамсояҳо дар ҳавлии ӯ ду ҷавони бегонаро дида, ҳар хел овозаю дарвоза паҳн кардан гирифтанд. Аз тарси он ки мардум ба пойи духтараш ягон туҳматро напечонанд, зани чойхоначӣ рӯзе дар набудани шавҳараш Файзиддин ва Сорбонро аз хонааш пеш карда гуфт:

-Дигар пою қадаматонро ба ин хона нагузоред, ман намехоҳам, ки аз рӯйи шумо, ду сағераи бесоҳиб духтарам пирдухтар шуда монад!

Ҷӯраҳо бо дили ҳазин аз хонаи чойхоначӣ баромада, куҷо рафтан ва чӣ кор карданашонро намедонистанд...

Ба бахти бади Сорбону Файзиддин ҳамон рӯз дар мағозаи маҳалла дуздӣ шуда буд. Дар кӯча сарсон гаштани ин ду ятими бе касу кӯйро дида, аз онҳо гумонбар шуданд ва онҳоро ба дасти милиса супурданд...

Фарзанди Ватан

Хайрият, ки дуздони ҳақиқӣ ба чанг афтоданду бегуноҳии Сорбон ва Файзиддин исбот гашт, вагарна ҳолашон чӣ мешуд, Худо медонад. Ҳомиёни қонун чун диданд, ки ин ду ҷавони зебою меҳнатӣ парасторе надоранд, онҳоро ба интернати ноњияи Файзобод фиристоданд...

Акнун Файзиддину Сорбон худро бе касу кӯй эҳсос намекарданд. Онҳо писарони Ватан буданд ва дар Хонаи бачаҳо рӯйи бистари оҳарӣ хуфта, нону хӯроки серӣ мехӯрданд. Мураббияҳояшон модарвор онҳоро насиҳат карда, одаму одамгарӣ меомӯхтанд ва таъкид мекарданд, ки нағз хонанд, чунки одами бо ақлу босавод ҳеҷ гоҳ хор намешавад...

Хумори модар

Ягона чизе, ки дар интернат дили Файзиддинро озор медод, дурӣ аз модар буд. Дилаш ба ёди модару бародаронаш гум мезад ва қариб ҳар шаб онҳоро хоб медид. Мехост ба мисли парасту пару бол кушода ба сӯйи модараш парвоз намояд ва ўро ба оѓӯш гирифта, зор-зор гиря кунад, аммо…

Меҳмонҳои бахткушо

Файзиддин хумори модарро аз суруд гирифта, ҳамеша зери лаб ягон шеъраки шӯх ё рубоии халқиро замзама карда мегашт. Мураббиён аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки дар маҳфилҳои идонаи интернат баромад кунад. Боре аз пойтахт як гурӯҳ санъаткорон, шоирон, нависандагон ва адибу олимони номдор ба ноҳияи Файзобод сафар карда, дар интернати онҳо низ меҳмон шуданд. Дар қатори дигар тарбиятгирандагони интернат Файзиддин низ бо чанд суруди ҳаҷвӣ дар назди меҳмонҳо баромад кард. Меҳмонони олиқадр аз байни 500 нафар танҳо 7-касро интихоб намуда, ҳамроҳи худ ба шаҳр оварданд ва ба мактаби мусиқӣ дохил карданд. Дар байни ин 7 ҷавони хушбахт Файзиддин низ буд.

Дидори модар

Файзиддин баъди хатми мактаби мусиқӣ ба сифати киномеханик кор карда, баъд ба хизмати модар-Ватан рафт. Баробари аз аскарӣ омадан ӯ ба дидори модар шитофт. Бародаронаш дар атрофаш ҳалқа зада, аз хурсандӣ ашк мерехтанд, зеро касе гумон надошт, ки баъди солҳо Файзиддин сиҳату саломат ба хона бармегардад.

Модар ҷомаи бо умед дӯхтаашро ба Файзиддин пӯшонда, маслиҳат дод, ки зудтар ягон духтари деҳаро таги чашм кунад, то сарашро ҷуфт намоянд, вале ӯ бо меҳр дастони модарашро бӯсида гуфт:

-Очаҷон, шумо беҳуда ғами маро нахӯрда, додарҳоямро зан диҳед. Худо хоҳад, ман бахтамро худам меёбам!

Ҳамин тавр, вай чанд рӯз меҳмони бародаронаш гашта, баъд бо дуои сафеди модар ба роҳ баромад...

Хандаи бахт

Файзиддин ба Данғара рафт, то нишонаи падар-амакашро бубинад. Самад Асоев аз дидори ҷияни рустамбозуяш шод гашта, Асалбӣ ном духтари зебоеро ба Файзиддин никоҳ карда дод, то руҳу арвоҳи додари ғӯрамаргашро шод созад. Тавлиди пай дар пайи писару духтарҳояш хонаи Файзиддинро пур карда, ӯро аз асорати танҳоӣ наҷот бахшид. Фарзандонаш Аслиддин, Ҷалолиддин, Садриддин, Илҳомиддин, Эмомиддин, Зулайхо, Гулрухсор ва Барно имрӯз дар атрофи падар парвонаанд ва намемонанд, ки ба пояш хоре халад.

Азизи дилҳо

Бобои Файзиддин акнун на танҳо барои фарзанду наберагонаш, балки барои кулли мардуми тоҷик азиз гаштааст. Ба куҷое наравад, хурду калон бо меҳру муҳаббати бепоён ӯро пешвоз мегиранд ва “Бобои Файз омад” гӯён, дар ҳама ҷо ӯро бологузар мекунанд.

Файзиддин хуб медонад, ки ҳамаи ин ба шарофати ҳунар аст. Беҳуда бузургон нагуфтаанд:

Ҳунар аз нуқраю тиллову зар беҳ,

Ҳунар аз мулку мероси падар беҳ!

Бо шарофати ҳунар Файзиддини дар кӯдакӣ аз падар монда, бо ранҷу азобҳои зиёд бошад ҳам, оқибат ҷойи худро дар зиндагӣ пайдо карда, соҳиби обрӯ ва нону ном шуда, азизи дилҳо гашт.

Мо ба ин марди ҳунар саломатии бардавом ва давлати бе газанди пирӣ хоҳонем!

Анҷом!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Хурсанд 2019-06-21, 17:18
Бехуда. Бузургон нагуфтаанд;-поени шаби сиех сафед аст;то дуне бошад бошед. Бобои. Файз. Аз. Давлати. Фарзандон. Давлати. Пири. Ронед. Пири. Барно. Дил. Бобои. Файз.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Хурсанд 2019-06-21, 17:18
Бехуда. Бузургон нагуфтаанд;-поени шаби сиех сафед аст;то дуне бошад бошед. Бобои. Файз. Аз. Давлати. Фарзандон. Давлати. Пири. Ронед. Пири. Барно. Дил. Бобои. Файз.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД