Дар шароити имрӯз, ки нархҳо рӯз ба рӯз боло мераванд, сарфаҷӯӣ барои оила муҳим аст. Сарфаҷӯӣ на танҳо барои кам кардани хароҷот, балки қадами муҳим ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони худу фарзандон мебошад. Чанд роҳи оддӣ, вале самараноки сарфаҷӯиро бароятон мегӯем, ки барои идора кардани маблағ ва беҳтар сохтани сатҳи зиндагӣ кӯмак мерасонанд.
Тартиб додани буҷаи моҳона
Яке аз қадамҳои аввалини сарфаҷӯӣ таҳияи буҷаи воқеӣ барои ҳар моҳ аст. Барои ин лозим аст, ки тамоми манбаъҳои даромад ва хароҷот ба таври мушаххас рӯйихат карда шаванд. Даромад бояд пеш аз ҳама ба эҳтиёҷоти аввалиндараҷа - хӯрокворӣ, манзил, нигоҳубини саломатии худу дигарон равона карда шавад. Хароҷоти дуюмдараҷа ва беасос, ба мисли хариди чизҳои нозарур ё гаронбаҳо бояд маҳдуд карда шаванд.
Истифодаи самаранок
Бисёре аз мо баъзан қувваи барқ ва обро беҳуда истифода мебарем. Чанд қадами оддӣ метавонад ба кам шудани ҳисоби моҳона кӯмак кунад. Якум, асбобҳои барқиро пас аз истифода хомӯш кунед. Дуюм, аз лампаҳои каммасраф истифода баред. Сеюм, ҳангоми шустани зарфҳо ё корҳои рӯзмарра, обро мақсаднок истифода кунед. Чорум, дар фаслҳои гарм аз рӯшноии табиӣ бештар истифода кунед. Яъне, барқро ҳам ба мақсад мувофиқ истифода намоед.
Аз фароғат то харидан бо нақша
Пеш аз ҳар гуна харид, махсусан хӯрокворӣ, рӯйихати пешакӣ тартиб диҳед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки танҳо чизҳои заруриро харидорӣ намоед. Аз хариди безарурат худдорӣ кунед. Ҳамчунин, нархҳоро дар бозору мағозаҳои гуногун муқоиса кунед. Аз тахфиф ва аксияҳо ҳам истифода баред. Ба ҷои хӯроки зудтайёр ва гарон, хӯроки хонагӣ тайёр кунед. Ин ҳам арзонтар ва ҳам муфидтар аст.
Ба ҷойи тарабхона ва қаҳвахона рафтан, бо наздикон дар боғ, хона ё табиати зебо ҷамъ шавед. Китобхонӣ, варзиш, бозӣ бо кӯдакон ё сайругашт на танҳо арзон, балки фоидаовар низ ҳастанд.
Таъмири ашё ба ҷойи нав
Аксар вақт, ашёҳои кӯҳна-хоҳ либос бошад, хоҳ асбоби рӯзгор бо андак таъмир боз истифода бурда мешаванд. Ба ҷойи хариди ашёи нав, кӯшиш кунед, ки ашёи кӯҳнаро таъмиру истифода баред. Ин амал ҳам хароҷотро кам мекунад.
Пасандоз
Ҳар моҳ, ҳатто маблағи андак бошад ҳам, барои пасандоз ҷудо кунед. Ин маблағ метавонад дар ҳолатҳои ниҳоят зарур, аз ҷумла беморӣ, таъмири манзил, таҳсили фарзандон истифода шавад. Агар имкон бошад, пасандозро дар бонк нигоҳ доред. Зеро агар пул дар хона бошад, шояд онро тез гирифта безарурат ҳам истифода кунед.
Дар маҷмуъ, сарфаҷӯӣ ин сармоягузорӣ барои ояндаи худ аст.
Усмон РАҲИМЗОДА