Модари афсари тоҷик Ҳасанов Сафархон Ҳисайнович, аз ҳама барои пайдо кардани писараш кумак мехоҳад. Сафархон Ҳасанов рӯзи 25- декабр аз хонаашон, ки дар ноҳияи Фархор воқеъ аст, баромада ба макони хизмати ҳарбиаш-қисми низомии 0307, ки воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус аст, раҳсипор шудааст. Аммо инак се рӯз аст, ки аз ӯ хабаре нест.
Ба гуфтаи бархе аз наздиконаш, Сафархон бори охир аз назди қисми низомӣ занг зада хабар додааст, ки расидааст. Вале касе намедонад, ки ҳоло ӯ куҷо шудааст?
Дар ҳолати пайдо кардани сарбоз мо ҳатман ба шумо хабар медиҳем!