Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе нисбати як сарбоз ва шарикаш ҳалномае баровард, ки дар асоси он онҳо ба 6 соли маҳрум шудан аз озодӣ маҳкум гардиданд.
Ҷалолов Бахтиёр, сокини шаҳри Ҳисор, ки давоми 10 дар рӯзи рухсатӣ аз қисми ҳарбӣ қарор дошт, ба авбошӣ муттаҳам карда мешавад.
Сухангӯи Проокуратураи генералии кишвар хабар медиҳад, ки Ҷалолов Бахтиёр моҳи октябри соли 2019 аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд. “Ҷалолов Бахтиёр Шавкатович, 23 октябри соли 2019 аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, ба ӯ дар рафти адои хизмати ҳарбӣ дар асоси фармони командири қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои дохилӣ аз 03 то 12 феврали соли 2020 ба муҳлати 10 шабонарӯз рухсатии навбатӣ дода шудааст”.
Баъди ба рухсатӣ баромадан Бахтиёр дар маҳалли зисташ бо рафиқаш Муҳаммади Маҳмадалӣ вохӯрда, шаҳрванди ноболиғ Сангинов Салимҷон Асатуллоевичро ҳадафи ҷинояти худ қарор додаанд.
Ба гуфти сухангӯи Прокуратураи генералии кишвар “Муҳаммад дар назди бинои ширкати «Мегафон» дар шаҳри Ҳисор ноболиғ Сангинов С. А. - ро ба наздаш даъват намуда, ба номбурда муроҷиат кард, ки телефони мобилиашро ба Ҷалолов Б. Ш. диҳад, то ӯ бо падару модараш суҳбат кунад. Сангинов С. А. хоҳиши ӯро рад намуда, телефони мобилиашро надодааст. Пас аз ин Муҳаммади М. ба ғазаб омада, бо мақсади амалӣ намудани қасди пешгирифтааш, шаҳрванд Сангинов С. А. - ро таҳдиди латукӯб карда, бо ин восита телефони мобилии охиринро бо роҳи истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷайби Сангинов С. А. гирифта, ба шарики ҷиноятиаш Ҷалилов Б. Ш. дод”.
Ҷабрдида Сангинов бо мақсади ҳимоя намудани моликияти шахсияш кӯшиш кард, ки Ҷалилов Б. - ро пайгирӣ намуда, телефони мобилиашро аз ӯ гардонида гирад, вале Муҳаммад ба ҷабрдида монеа шуда, бо роҳи зуроварӣ ӯро аз пой афтонид. Сипас, онҳо бо мақсади дур шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва пинҳон кардани ин кирдори разилонаашон аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз дохили телефони мобилии бо роҳи ҷиноят ба дастовардаашон симкорташро гирифта, ба ҷуйбор партофта, тамоми рақамҳои мобилии дар телефон сабтшударо тоза кардаанд.
Баъдан, онҳо ба назди маркази дилхушии «Нисо» рафта, барои фурӯхтани телефони мобилии дуздидаашон ба кофтукоби харидор даромаданд. Тахминан соатҳои 19:00 ҷинояткорон Бахтиёр ва Муҳаммад дар назди маркази дилхушии «Нисо» аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ҳисор дастгир гардиданд.
“Нисбати Ҷалолов Б. Ш. ва Муҳаммади М. бо моддаи 248 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (тасарруфи ошкорои молу амвол) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд”, - навиштааст сухангӯи Прокуратураи генералӣ.
Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 27 апрели соли 2020 шаҳрвандон Ҷалолов Бахтиёр Шавкатович ва Муҳаммади Маҳмадалӣ дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 248 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол таъин карда шуд.