-Ақаллан гуфта метавонед, ки ӯ аз шумо чӣ мехоҳад ва чаро қасди куштанатонро намудааст?
-Ин мард одами бесавод нест. Маълумотӣ олӣ дорад, вале хондан дигар будаасту одамгарӣ тамоман чизи дигар. Дар Тоҷикистон ӯ худро як инсони фариштахислат нишон медод, аммо баъди ба Русия омадан фаҳмидам, ки фаришта не, деви сиёҳ ё иблиси ҳақиқӣ будааст. Ҳамагӣ як ҳафта пас аз омаданам ин марди шайтонсират чеҳраи аслиашро ба ман нишон дода, ошкоро гуфт, ки маро танҳо бо мақсади ғулом ё канизи худ сохтан ба Маскав овардааст. Ин марди шайтонсират кордро дар гулӯям монд ва таҳдидкунон гуфт:
“Ту аз ҳамин рӯз эътиборан ғуломи ман ҳастӣ ва чизе, ки гӯям, мурда-мурда иҷро мекунӣ, агар аз хати кашидаам берун бароӣ, саратро бо ана ҳамин корд аз танат ҷудо карда, дар як гӯшаи ҷангал гӯр мекунам. Хаёл накун, ки касе ба додат мерасад, на ҳукумат ва на ягон шахси дигар аз Тоҷикистон барои наҷот додани ту ба Маскав намеояд. Зинда мондан хоҳӣ, гуфтаҳоямро бе чунун чаро иҷро мекунӣ, вагарна аз ҷонат умед накун...”
-“Ту аз ҳамин рӯз эътиборан гуломи ман ҳастӣ” гуфта, ӯ чиро дар назар дошт? Мехост шуморо ҳамчун зан истифода барад?
-Не, вай худаш аъзои як ташкилоти мамнӯъ аст ва мехост маро бо худ ба хориҷи кишвар барад. Аз рӯйи гуфти худаш, дар он ҷо ба мо хона, пули калон ва коргоҳ, яъне офис медодаанд, то ки аз хориҷа истода, ба муқобили Тоҷикистон тарғибот барем, вале ман хоҳишашро рад карда, гуфтам, ки ҳатто сарамро аз танам ҷудо кунад ҳам, ҳаргиз ба Ватанам хиёнат намекунам, чунки ватанфурӯшӣ имонфурӯшӣ аст. Кӯшиш кардам фаҳмонам, ки кас набояд нону оби Ватанро хӯрда, ба Ватани худаш, ба миллати худаш хиёнат кунад, мегуфтам, ки дар Тоҷикистон ману ту падару модар, ёру бародар, хешу табор дорем, ақаллан фикри онҳоро бояд кунем, аммо ба гӯши ин тоифа панду насиҳат намедаромадааст. Ту гуфтаи маро кардан намехоҳӣ гӯён, вай маро дар як рӯз чанд маротиба лабу кӯб мекард. Бовар кунед, чунон бераҳмона мезад, ки дар баданам ягон ҷойи обод намонда, аз даҳону биниам хун ҷорӣ мешуд. Ин мард чунон бераҳм ва золим аст, ки ҳатто баъди зада нимкушта кардан низ маро ба ҳоли худам намемонд ва туфлиҳои бадбӯяшро аз пояш кашида, амр мекард, ки пойафзолашро бо забонам лесида тоза кунам. Хулоса он қадар ранҷу азобу уқубатам дод, ки агар ҳамаашро нақл кунам, хун дар рагҳоятон ях мебандад. Худованд шоҳид аст, ки чанд бор корди тезро дар гулӯям монда “ҳозир сараро аз танат ҷудо мекунам” гӯён, то саҳар маро уқубат кардааст.
-Айни замон он мард кучост ва чӣ гуна шумо тавонистед бо мо тамос бигиред?
-Дар муддати 4 моҳ аз дасти ин марди золим ҳар рӯз шатта хӯрдаву азобҳои бисёри ҷисмонию равонӣ кашида, оқибат ман ба як бемории хеле сахт гирифтор шудам. Гумон мекунам, ки барои ман вай аллакай аз хоҷаҳои хориҷиаш пули калон гирифта буд ва аз ҳамин хотир, ман ба ӯ мурда не, балки зинда даркор будам, чунки вақте дид дар дами марг қарор дорам, ночор маро ба духтур бурд. Табибони рус ҳоламро дида, ба даҳшат афтиданд ва хостанд маро бистарӣ кунанд, аммо он марди золим худро ба онҳо ҳамчун шавҳари ман муаррифӣ намуда, гуфт, ки баъди гузаштан аз ташхиси пурра маро бистарӣ мекунонад. Ҳамин тавр мо аз беморхона баромада, боз ба хонаи иҷорааш омадем. Намедонам аз чизе дилаш хавф бурд, ки худи ҳамон рӯз манзили иҷораашро иваз карда, вай маро ба ҷойи дигар бурд. Бегоҳ ҳолам хеле бад шуд ва хоҳиш кардам, ки иҷозат диҳад, то ақаллан 5 дақиқа ба берун баромада, ҳавои тоза бигирам, чунки нафасам дам ба дам дарун зада истодааст. Дар насибам зинда мондан будаасту бори нахуст ӯ ба гапи ман эътибор дода “майлаш, лекин аз 5 дақиқа зиёд не” гуфта, иҷозати баромадан дод, зеро дилаш пур буд, ки дар ҷойи нав ман касеро намедонам ва ба ягон ҷо гурехта наметавонам. Ҳамон рӯз аз дарди сахт тамоми аъзои баданам мисли моргазида месӯхту сӯзиш мекард, вале медонистам, ки чунин фурсат дигар муяссар намегардад ва баробари аз бино берун шудан бо тамоми ҳастӣ рӯ ҷониби истгоҳ давидам. Тасодуфан бо як марди хайрхоҳ, ки замоне дар Тоҷикистон бо ҳам каме ошноӣ доштем, рӯ ба рӯ шудам ва “акаҷон, илтимос, маро дар ягон ҷо пинҳон кунед, ки ҷонам дар хатар асту маро мекушанд” гӯён, ба пояш афтидам. Бечора аввал худашро гум кард, вале зуд ба худ омада, маро ба мошинаш шинонду аз он мавзеъ хеле дур бурд. Айни замон дар хонаи як зани рус пинҳон ҳастам ва аз тарс тамоман ба кӯча намебароям. Телефон надорам, аз телефони каси дигар ба шумо навиштам, ҳарчанд умед надоштам, ки доди мани асирафтода ба гӯши касе мерасад. Раҳмат, ҳазор раҳмат, ки арзи дили як зани асир ва мусофири тоҷикро шунида, бетараф намондед. Илтимос, арзу доди маро, ҳоли зори маро ба мақомот расонед, то наҷотам диҳанд.
Мо арзи Нигораро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ расондем ва бо ёрии роҳбарияту кормандони Ватандӯсту миллатдӯст ва шуҷои Вазорати корҳои корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ ин зани тоҷик аз доми ғуломӣ наҷот ёфта, сиҳату саломат ба Ватан баргардонида шуд.
Ҳадаф аз нашри сарнавишти талхи ин ҷавонзани фиребхӯрдаи тоҷик, ки кам монда буд ҷони ширинашро аз даст диҳад, дар он аст, ки тақдири Нигора ба дигар бонувон дарси ибрат гашта, минбаъд занону духтарони мо ба ҳар касбу нокас бовар карда, худро ба мисли Нигора ба доми бало гирифтор насозанд.
Нӯшин
(Ба хотири амнияти қаҳрамонамон мо аз ифшо намудани насаб ва макони зисти ӯ худдорӣ намудем.)