Риштаи умри як кӯдаки дусолаи тоҷик дар ғурбат ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Ин ҳодисаи нохуш дар маҳаллаи Авиаконструкторҳои шаҳри Санкт-Петербург ба вуқуъ пайваста, қазияи марги духтарчаи бегуноҳи тоҷикро нашрияи “Невские новости” инъикос намудааст.
Тавре ки ин манъбаи мӯътамад менависад, духтарча ҳамроҳи волидонаш дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекардааст. Ҳангоми сар задани ин ҳодисаи даҳшатзо зан дар ошхона машғули пухтупаз буда, ҳамагӣ чанд дақиқа фарзандашро бе назорат гузоштааст. Ҳамин фориғболии модар боис гашт, ки дар бадали чанд лаҳза қимматтарин ганҷ-фарзанди ҷигарбандашро аз даст диҳад.
Ба қавли мухбирони “Невские новости” ҳисси кунҷковӣ кӯдакро ба назди тиреза бурдааст. Ҳангоми аз боло ба поён нигаристан духтарча якбора сарозер мешавад.
Бар асари афтидан аз чунин баландӣ устухонҳои тифлак шикаста пора мешаванд ва хуни ин фариштаи бегуноҳ заминро лолагун месозад.
Шоҳидони ҳодиса бо дидани ин манзара ба даҳшат афтида, дарҳол ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задаанд, аммо табибон натавонистанд ҷони кӯдаки маъсумро аз панҷаи марг наҷот бубахшанд.
Мо аз тамоми волидон, хоса аз модарон хоҳиш мекунем, ки кӯдаконашонро ҳатто як лаҳза бе назорат нагузоранд, зеро дар як мижа задан метавонад фалокати азиме рӯй диҳад, ки онро ҳаргиз бо ҳеҷ қиммате ҷуброн карда намешавад.