Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои маркази матбуотии ин ниҳод рӯзи 25 ноябри соли 2020 тақрибан соатҳои 12:45 дар деҳаи Шурмашки ҷамоати деҳоти Фондарё, дар мавзеи Шомеъ аз баландии тақрибан 250 метр аз кӯҳ ба болои деҳа сангпора ҷар шуда, ба хонаи истиқоматии шаҳрванди ҳамин деҳа Бердиев Самараддин зарари сабук расонидааст.
Бинобар сабаби дар ҷои хавфнок ҷойгир будани хонаи истиқоматии шаҳрванд оилаи ӯро муваққатан ба бинои МТМУ№18 - и деҳа кӯчониданд.