Маҳсулоти лозима:
120 грам – оби нимгарм
120 грам – шири нимгарм
140 грам – равғани маска
60 грам - равған
5 грам –хамиртуруш (дрож)
15 грам – шакар
5 грам – намак
400 грам – орд
Маҳсулот барои қиммаи картошка:
3 дона – картошкаи обпазшуда
2 дона – пиёз
3 қошуқ – равғани растанӣ
1 қошуқча – намак
1 қошуқча – қаланфури ширини куфташуда
Тарзи таҳия:
Дар зарф оби нимгарм, шири нимгарм, 1 қошуқ шакар, 1 қошуқ уксус, 1 қошуқча намак, 1 қошуқча хамиртурушро ҳамроҳ карда, омехта мекунем. Баъдан ба он орд илова карда, бо дастамон омехта мекунем. Хамири мулоимак тайёр мекунем, бояд ба даст начаспад. Хамирро болояшро маҳкам мекунем, дам медиҳем. Барои қимма аввал тобаро дар оташи паст мегузорем ва ба он 3 қошуқ равғани растани мерезем. 2 дона пиёзро майда реза карда, дар тоба мегирем ва 2 дақиқа таф медиҳем. 1 қошуқ хамираи помидор (томат) илова карда, таф медиҳем.
Се картошкаи обпазшударо бо қошуқ пахш мекунем ва ба тоба мерезем. Ба он 1 қошуқча намак, 1 қошуқча қаланфури ширини куфташуда, мурч, илова карда хуб омехта мекунем.
Тайёр ки шуд, мемонем каме хунук шавад ва гашничро майда реза карда ба он ҳамроҳ мекунем. Барои даруни зуволаҳо 140 грам равғани маскаи обшуда ва 60 грам равғани растани ҳамроҳ карда омехта мекунем. Хамирро ба 7 зувола тақсим мекунем. Ҳар як зувола бояд 92 грам бошад. Ҳар як зуволаҳоро орд пошида, тунук мекунем. Ба зувола равған молида, онро қабат – қабат карда мепечонем. Акнун онҳоро боз бо ғалтак чоркунҷа тунук мекунем. Қиммаро (фарш) дар байнаш гузошта, мисли рулет мепечонем. Ба қолаб равған молида ба он қоғази пергамент тунук мекунем. Самбӯсаҳоро ба қолаб гирифта, 1 зардии тухм ва 1 қошуқ равғанро омехта карда аз болояшон мемолем. Бо корд мебурем ва дар болояш кунҷит мекунем. 20 дақиқа мемонем дам гирад. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа то пӯхтанаш меистад.