Маҳсулоти лозима:
400 – 500 грам - орд
300 мл – оби гарм
300 грам – равғани маска ё равғани яхи аз гов
1 дона – тухм
1 қошуқча – намак
Маҳсулоти қимма:
500 грам – гӯшти гов
5 дона – пиёз
3 қошуқ – равғани растанӣ
Намак, мурч, зира
Тарзи таҳия
Дар зарф тухм ва 1 қошуқча намак андохта, лат мезанем ва ба он об ва орд илова карда бо дастамон омехта мекунем. Хамирро мепечонем ва 25 – 20 дақиқа дам медиҳем. Баъд хамирро ба ду қисм тақсим карда, тунук мекунем ва равғани маска ё равғани гов мемолем. Зуволаро ба мисли рулет печонда, 15 дақиқа дар яхдон нигоҳ медорем.
Акнун маҳсулоти қиммаро омода мекунем. Аввал гӯшт ва пиёзро реза карда дар зарфе мегирем ва азболояш намаку мурчу зира мепошему равғани растаниро рехта, омехта мекунем.
Хамирро аз яхдон мегирем ва ба зуволачаҳо ҷудо мекунем. Зуволаҳоро тунук карда, қимаро байнаш мегузорем ва гирд мисли гул мепечонем.
Ба қолаб равған мемолем ва самбӯсаҳоро дар он мегирем. Ба рӯяшон тухм молида, кунҷит мепошем ва дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа мепазем. Бо иштиҳо бошед!